Таҳқиқоти бозрасони таслиҳоти шимиёӣ дар Сурия оғоз мешавад

Бозрасони Созмони Милали Муттаҳид имрӯз таҳқиқоти худро дар бораи "ҳамалоти шимиёӣ" дар ҳумаи Димишқ оғоз мекунанд.
Бо судури муҷаввиз аз сӯйи давлати Башор Асад роҳи таҳқиқ дар бораи ҳамалоти маргборе, ки ду сӯйи даргириҳо дар Сурия ба якдигар нисбат медиҳанд, боз шудааст.
Мухолифони Башор Асад мегӯянд нерӯҳои давлатӣ чаҳоршанбеи гузашта беш аз 300 нафарро дар ҳумаи Димишқ куштаанд.
Вилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, ҳушдор дода бо таваҷҷуҳ ба гузашти 5 рӯз аз ин ҳамла мумкин аст шавоҳид дасткорӣ ё аз миён бурда шуда бошад.
Сурия "теруристҳоро" омили ин ҳамалот донистааст.
Расонаҳои давлатии Сурия гузориш кардаанд дар тунелҳои мавриди истифодаи шӯришиён омилҳои шимиёӣ пайдо кардаанд ва сарбозоне, ки дар ҳумаи Ҷубар ҷангидаанд, дучори нафастангӣ шудаанд.
Ҳамзамон расонаҳои давлатии Сурия гузориш медиҳанд, ки Анос Абдурразоқ Ноим, фармондори Ҳамо, дар инфиҷори як худрав кушта шудааст.
Дасткории шавоҳид
Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Сурия, ки дар телевизиюни ин кишвар қироъат шуд, омадааст давлати оқои Асад ба бозрасони таслиҳоти шимиёии Созмони Милали Муттаҳид иҷоза медиҳад дар бораи “иттиҳоми ҳамалоти шимиёӣ дар ҳумаи Димишқ” таҳқиқ кунанд.
Бар асоси ин баёния тавофуқ дар бораи ин таҳқиқот билофосила қобили иҷрост.
Қарор аст дар тӯли таҳқиқоти СММ оташбас дар манотиқи фаъъолият дар ҷараён бошад.
Русия, яке аз муттаҳидони Сурия, аз ин тавофуқ истиқбол карда, аммо ҳушдор дода, ки Ғарб набояд пешопеш натиҷагирӣ кунад.
Бо ин ҳама, вазири умури хориҷаи Бритониё гуфтааст замон барои таҳқиқоти бозрасон рӯ ба итмом аст: “Мумкин аст бахши умдае аз шавоҳид ба далели ҳамалоти тӯпхона аз миён рафта бошад. Имкони ин ки боқӣ шавоҳид ҳам дар тӯли чанд рӯзи гузашта дасткорӣ ё камтаъсир шуда бошад, вуҷуд дорад.”
Созмони Пизишкони Бидуни Марз рӯзи шанбе гуфта се бемористони муртабит бо ин созмон дар Димишқ ва ҳумаи он рӯзи чаҳоршанбе ҳудуди 3400 беморро, ки дучори “аворизи гозҳои аъсоб” будаанд, таҳти дармон қарор доданд ва аз миёни онҳо 355 нафар ҷон бохтаанд.
Агарчи ин созмон гуфта наметавонад аз назари амалӣ истифода аз таслиҳоти шимиёиро таъйид кунад, аммо коркунони бемористонҳо шарҳ додаанд чи тавр зарфи камтар аз се соъат теъдоди зиёде бо аворизе монанди таҳаввуъ, мардумакҳои дурушт ва мушкилоти танаффусӣ ба бемористон муроҷиъа кардаанд.
Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, дар гуфтугӯи телефунӣ бо раиси ҷумҳурии Фаронса дар бораи вазъияти Сурия гуфтугӯ кардааст
Сухангӯйи дафтари нахуствазирӣ гуфта ду тараф муътақиданд, ки ҳамлаи шимиёӣ ба мардуми Сурия дар ин сатҳ ниёз ба посухе қотеъ аз сӯйи ҷомеъаи байналмилал дорад ва “ин ҷиноят набояд пинҳон бимонад.”
Оқои Комерун дар гуфтугӯйи телефунӣ бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ба натиҷаи мушобеҳе расидааст.
"Хатти қирмиз"
Умар Заъбӣ, вазири иттилоърасонии Сурия, ҳушдор дода, ки ҳамлаи Омрико ба Сурия мисли "пиёдаравӣ дар порк" нахоҳад буд ва табаъоти хатарноки он Ховари Миёнаро ба оташ хоҳад кашид.
Як сол пеш Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, гуфта буд истифодаи давлати Башор Асад аз таслиҳоти шимиёӣ хатти қирмизи Омрико аст ва муҳосиботи ин кишвар дар Ховари Миёнаро тағйир хоҳад дод.
Имрӯз ҳамчунин сартип Масъуд Ҷазоирӣ, муъовини ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Омрико ҳушдор дод, ки мудохилаи низомии эҳтимолӣ дар Сурия "паёмадҳои шадиде" барои Иёлоти Муттаҳида хоҳад дошт.
Оқои Ҷазоирӣ гуфт: "Омрико маҳдудаи хатти қирмизи ҷабҳаи Сурияро медонад ва ҳар гуна убур аз хатти қирмизи Сурия паёмадҳои шадид барои Кохи Сафед дар пай хоҳад дошт."
