Сурия иҷозаи бозрасӣ аз маҳалли "ҳамлаи шимиёии" ҳумаи Димишқро дод

Давлати Сурия бо интишори баёнияе гуфтааст ба тими бозрасии Созмони Милали Муттаҳид иҷоза медиҳад аз маҳалле дар ҳумаи Димишқ, ки гуфта мешавад чаҳоршанбеи гузашта ҳадафи ҳамлаи шимиёӣ қарор гирифт, бозрасӣ кунанд.
Ин баёния дар телевизиюни давлатии Сурия қироъат шудааст.
Давлати Сурия ҳамчунин мувофиқат карда, ки оташбасе муваққат дар минтақаи мавриди баҳс барқарор шавад то бозрасони Созмони Милал амнияти лозим барои анҷоми таҳқиқоташро дошта бошанд.
Дақоиқе қабл аз он Кохи сафед гуфта буд ҳар гуна тасмими Сурия барои додани дастрасии дерҳангом ба тими Созмони Милал ба ин минтақа дер аст, зеро тайи панҷ рӯзи ахир ба далели гулӯлаборони минтақа тавассути нерӯҳои давлатӣ ва дигар иқдомоти амдӣ осори ҳамла аз байн рафтааст.
Як мақоми аршади Кохи сафед гуфт ба эътиқоди Омрико дар ин маврид, ки давлати Сурия ҳафтаи гузашта аз силоҳи шимиёӣ истифода накарда бошад, тардиди бисёр андаке вуҷуд дорад.
Вай гуфт натиҷагирии Омрико бар асоси гузоришҳои марбут ба теъдоди қурбониён, алоими ҳамлаи шимиёӣ бар бадани афроди кушташуда ё маҷруҳ ва изҳороти шоҳидони айнӣ аст.
"Хатти қирмиз"
Пеш аз он низ Сурия ҳушдор дода буд, ки мудохилаи низомии Омрико дар ҷанги дохилии ин кишвар мумкин аст кулли Ховари Миёнаро ба оташ бикашонад.
Умар Заъбӣ, вазири иттилоърасонии Сурия гуфт кишвараш бо дӯстоне, ки дар минтақа дорад қудратманд боқӣ хоҳад монд.
Имрӯз ҳамчунин сартип Масъуд Ҷазоирӣ, муъовини ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Омрико ҳушдор дод, ки мудохилаи низомии эҳтимолӣ дар Сурия "паёмадҳои шадиде" барои Иёлоти Муттаҳида хоҳад дошт.
Оқои Ҷазоирӣ гуфт: "Омрико маҳдудаи хатти қирмизи ҷабҳаи Сурияро медонад ва ҳар гуна убур аз хатти қирмизи Сурия паёмадҳои шадид барои Кохи сафед дар пай хоҳад дошт."
Изҳороти вазири иттилоърасонии Сурия ва сартип Ҷазоирӣ пас аз он сурат гирифт, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ва Девид Комерун, нахуствазири Бритониё аз гузоришҳои марбут ба анҷоми ҳамлаи шимиёӣ дар Сурия изҳори нигаронии амиқ карданд.
Борок Убомо ва Девид Комерун рӯзи шанбе дар як гуфтугӯи телефунӣ зимни баррасии авзоъ дар Сурия аз идомаи ройзаниҳои худ дар бораи корбурди таслиҳоти шимиёӣ дар ин кишвар ва иқдоми эҳтимолии ҷомеъаи байналмилалӣ хабар доданд.
Ангело Кейн, намояндаи аршади Созмони Милал дар умури халъи силоҳ дирӯз барои мутақоъид кардани давлати Сурия ба додани иҷозаи дастрасӣ ба бозрасони ин созмон ба маҳалли ҳамла вориди Димишқ шуд.
Чаҳоршанбеи гузашта гузориш шуд, ки садҳо ғайринизомӣ дар асари корбурди таслиҳоти шимиёӣ дар яке аз манотиқи атрофи Димишқ, пойтахти Сурия кушта ва захмӣ шудаанд.
