Ҷон Керрӣ мегӯяд давлати Сурия масъули истифода аз силоҳи шимиёӣ аст

  • 27 Август, 2013
Image caption Гурӯҳи Пизишкони Бидуни Марз мегӯяд 355 нафар дар он ҳамла кушта шудаанд

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико , ончиро, ки ӯ "қабоҳати ахлоқии" давлати Сурия дар истифода аз силоҳҳои шимиёӣ алайҳи мардуми худ хонда, маҳкум кардааст.

Омрико ва муттаҳидонаш дар ҳоли баррасии чигунагии вокуниш нишон додан ба ин воқиъа, аз ҷумла истифода аз нерӯи низомӣ ҳастанд, ҳарчанд Русия аз муттаҳидони ҳукумати Сурия, алайҳи чунин иқдоме ҳушдор додааст.

Оқои Керрӣ гуфт, ки тасовири ҳамла бо он чи ба назар мерасад ҳамла бо силоҳи шимиёӣ ба нуқтае дар наздикии Димишқ, пойтахти Сурия, бошад, "воқеъӣ ва қонеъкунанда" ва "ғайриқобили инкор" аст.

Ӯ гуфт, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар ҳоли баррасии чигунагии вокуниш нишон додан ба ин воқиъа аст.

Оқои Керрӣ гуфт:"Иштибоҳ накунед, оқои Убомо бар ин бовар аст, ки касоне ки аз хабосатомезтарин силоҳҳои ҷаҳон алайҳи осебпазиртарин мардуми ҷаҳон истифода мекунанд, бояд масъул шинохта шаванд."

Баъд аз ӯ Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед гуфт: "Ба назари мо тардиди хеле каме ҳаст, ки режими Сурия муқассир аст."

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, рӯзи душанбе дар мусоҳибае бо рӯзномаи русии Известия алайҳи иқдоми низомӣ ба Омрико ҳушдор дод.

Ӯ гуфт: "Агар касе хоб дида, ки Сурия арӯсаки хаймашаббозии Ғарб бошад, чунин нахоҳад шуд."

Давлати Сурия такзиб мекунад, ки ин ҳамларо анҷом додааст.

Борок Убомо рӯзи душанбе ҳамчунин дар мавриди хушунатҳои Сурия бо Кевин Род, нахуствазири Устролиё телефунӣ суҳбат кард. Онҳо дар бораи вокуниши эҳтимолии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ройзанӣ карданд.

Вокуниши Русия

Русия, аз муттаҳидони наздики давлати Сурия ,башиддат алайҳи ҳар гуна иқдоми низомии Ғарб дар Сурия ҳушдор додааст.

Оқои Лавров ҳамчунин гуфт, ки истифода аз зӯр бидуни ҳимояти Шӯрои Амният "нақзи фоҳиши қавонини байналмилалӣ хоҳад буд."

Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар мавриди буҳрони Сурия дучори тафриқа аст. Русия ва Чин бо дахолати низомӣ мухолифанд, аммо Бритониё ва Фаронса ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати "ниёзи шадид бар асоси шароити инсондӯстона" имкони убур аз Созмони Милал вуҷуд дорад

Image caption Оқои Керрӣ мегӯяд давлати Сурия чизе барои пинҳон кардан дорад

Оқои Керрӣ дар баёнияе, ки рӯзи душанбе барои хабарнигорон дар Вошҳингтун қироъат кард, гуфт: "Он чи ҳафтаи пеш дар Сурия шоҳид будем, бояд виҷдони ҷаҳонро такон диҳад. зеро аз ҳар гуна меъёри ахлоқӣ таҷовуз мекунад."

Ӯ афзуд, ки давлати Омрико иттилоъоти изофӣ дар мавриди он ҳамла дорад, ки дар рӯзҳои оянда ошкор хоҳад кард.

Ӯ гуфт, ки ин таъхир дар додани иҷоза ба бозрасони Созмони Милал барои боздид аз маҳалли ҳамла нишонаи он аст, ки давлати Сурия мехоҳад чизеро пинҳон кунад.

Оқои Керрӣ гуфт: "Ҳамла ба ин ноҳия, гулӯлаборон ва тахриби низомманди шавоҳид, рафтори давлате нест, ки чизе барои пинҳон кардан надошта бошад. Тасмими дерҳангоми режим (Сурия) дар додани иҷозаи дастрасӣ (ба маҳалли ҳамла) дертар аз он сурат мегирад, ки эътиборе дошта бошад."

Элиют Ангел, узви аршади ҳизби демукрот дар кумитаи умури хориҷаи маҷлиси намояндагони Омрико душанбешаб дар баёнияе навишт, ки Ҷон Керрӣ дар мавриди Сурия бо ӯ ройзанӣ кардааст: "Ман хушҳолам, ки давлат дар мавриди ин масъалаи муҳимми сиёсати хориҷӣ бо кунгре ройзанӣ мекунад. Дар муҳовирае, ки доштем, ман ин назарро баён кардам, ки мо бояд ба шевае муносиб ва ба таври сареъ дар ҳамоҳангӣ бо муттаҳидони худ ба истифодаи режими Асад аз силоҳҳои шимиёӣ посух диҳем."

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, пештар ба хабарнигорон гуфт, ки Ғарб натавонистааст истифода аз силоҳҳои шимиёиро собит кунад.

Ӯ ба гумоназаниҳое доир бар ин ки кишварҳои ғарбӣ мумкин аст иқдоми низомӣ алайҳи давлати Сурия бидуни муҷаввизи Созмони Милали Муттаҳидро дар назар дошта бошанд, вокуниш нишон медод.

Артиши Омрико ахиран ҳузури худ дар обҳои Медитаронаро тақвият карда ва фармондеҳони низомии Омрико, Бритониё ва муттаҳидони онҳо дар Урдун ташкили ҷаласа додаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимолитарин иқдоми Омрико партоби мушакҳои Круз аз киштиҳо алайҳи таъсисоти низомии Сурия хоҳад буд.

Тирандозӣ ба сӯйи бозрасон

Соъоте пеш аз суханони оқои Керрӣ бозрасони силоҳҳои шимиёии Созмони Милали Муттаҳид, ки барои боздид аз маҳалли ҳамла ба атрофи Димишқ рафтанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, ки касе дар он осеб надид.

Тими бозрасон ба яке аз панҷ нуқтаи атрофи Димишқ, ки бинобар гузоришҳо садҳо нафар дар он дар рӯзи 21 август кушта шудаанд, мерафт.

Тими бозрасон пас аз ҳодиса ба маҳалли иқоматаш дар Димишқ бозгашт, аммо баъд аз зуҳри душанбе сафарро ба маҳаллаи Муъаззамия дар ғарби Димишқ аз сар гирифт.

Шӯришиёни нерӯҳои давлатиро дар ин ҳамла муқассир шинохтаанд, аммо расонаҳои давлатӣ "теруристҳоро" муттаҳам кардаанд.

Ҳарчанд ҳеч як аз ин иддаъоҳо қобили таъйид нест, дабири кулли Созмони Милал тирандозиро маҳкум кард ва хостори шикояти расмии тими Созмони Милал аз давлати Сурия ва мақомҳои мухолифони мусаллаҳ шуд.

Матолиби муртабит