Бритониё қатъномаи иқдом алайҳи Сурияро ба Шурои Амният мебарад

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё эълом карда, ки Бритониё қатъномае ба Шурои Амнияти Созмони Милал мебарад, то ин шуро муҷаввизи "иқдомоти лозим барои ҳифозат аз ғайринизомиён" дар Сурияро содир кунад.
Бритониё эълом карда, ки тардиде надорад, ки ҳукумати Сурия масъули ҳамлаи шимиёии рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар ҳумаи Димишқ будааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Бритониё ва Фаронса ба ҳамроҳи Туркия ва чанд кишвари арабӣ аз эҳтимоли иқдоми низомӣ алайҳи Сурия мегӯянд.
Баҳси ҳамлаи низомӣ ба Сурия дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бозрасони Созмони Милал машғули таҳқиқ дар бораи моҳияти ҳамлаи ахир ҳастанд.
Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфтааст бозрасони Созмони Милал намунаҳои арзишманде барои таҳқиқоти худ ёфтаанд ва бо қурбониён ва шоҳидон низ гуфтугӯ кардаанд, аммо онҳо барои идомаи корашон ниёзманди замон ҳастанд.
Ҳукумати Сурия акидан тавассул ба таслиҳоти шимиёӣ алайҳи шаҳрвандони худро рад мекунад ва мегӯяд шӯришиёни мухолифи Башор Асад масъули ҳамлаи шимиёӣ ҳастанд. Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия дирӯз гуфт иддаъои истифода аз силоҳҳои шимиёӣ танҳо баҳонае барои оғози ҷанг аст.
Яке аз раҳбарони курдҳои Сурия, ки бахше аз мухолифони ҳукумат ҳастанд, дирӯз ба хабаргузории Руйтерз гуфт, ки наметавон Башор Асадро масъули ҳамлаи шимиёӣ талаққӣ кард.
Русия ва Чин нисбат ба паёмадҳои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Сурия ҳушдор додаанд.
Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон низ мегӯяд ҳамла ба Сурия табаъоти фоҷиъаборе хоҳад дошт.
