Нерӯҳои низомии Бритониё чигунагии мудохилаи эҳтимолӣ дар Сурияро баррасӣ мекунанд
Сухангӯйи Девид Комерун, нахуствазири Бритониё эълом карда, ки нерӯҳои низомии ин кишвар чигунагии мудохилаи эҳтимоли дар Сурияро баррасӣ мекунанд.
Сухангӯйи оқои Комерун гуфта ӯ имрӯз дар бораи дархост аз порлумон барои баррасии мудохилаи низомии эҳтимолӣ дар Сурия тасмим мегирад.
Эҳтимоли ҳамлаи низомии хориҷӣ ба Сурия пас аз он қувват гирифта, ки чаҳоршанбеи гузашта он чи ба назар мерасад ҳамлае шимиёӣ дар ҳаволии Димишқ рӯй додааст. Бозрасони Созмони Милал бо иҷозаи давлати Сурия аз дирӯз дар ин маҳал машғули таҳқиқ дар бораи моҳияти ҳамла ва масъули он ҳастанд.
Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия, бо ишора ба робитаи дӯстонаи сурия боРусия ва Чин ва қудрати артиши Сурия гуфт ҳамлаи шимиёӣ баҳона аст. Ӯ гуфт: "Садои таблҳои ҷангро перомуни худ мешунавем."
Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса ва Туркия умдатарин кишварҳое ҳастанд, ки аз иқдоми низомии эҳтимолӣ алайҳи Сурия сухан мегӯянд.
Дар айни ҳол Русия мегӯяд иқдоми низомии хориҷӣ алайҳи Сурия "паёмадҳое фоҷеъбор" барои Ховари Миёна ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоҳад дошт.
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Русия гуфт: "Аз шарикони омрикоии худ ва ҳама аъзои ҷомеъаи ҷаҳонӣ мехоҳем боэҳтиёт амал кунанд ва қавонини байналмилалиро мадди назар қарор бидиҳанд."
Русия нисбат ба иқдомоти хориҷ аз чаҳорчӯби Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳушдор додааст. Хабаргузории давлатии Шинҳуод ар Чин низ навишта, ки қудратҳои ғарбӣ барои натиҷагирӣ дар бораи моҳияти ҳамлаи шимиёӣ аҷала мекунанд.
Дер нашуда
Мавзеъи расмии Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ин аст, ки ҳукумати Сурия бо таъхир ба бозрасони Созмони Милал иҷоза дода, ки аз маҳалли ҳамлаи шимиёии эҳтимолӣ боздид кунанд ва ба ин тартиб шавоҳиди ҳамла аз миён рафтаанд.
Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия, мегӯяд давлати Сурия бо Созмони Милал дар бораи анҷоми бозрасӣ ҳеч баҳсе накардааст ва билофосила иҷозаи бозрасиро додааст.
Ӯ мегӯяд нисбат додани ҳамла ба ҳукумати Сурия бар мабнои ҳеч санад ва мадраке нест.
Оқои Муъаллим бо маҳкум кардани Туркия ва кишварҳои ғарбӣ, ки аз мухолифони мусаллаҳ ҳимоят мекунанд, ба фаъъолияти ҷабҳаи Нусрат, гурӯҳе мусаллаҳ аз мухолифон, ки бо Алқоъида муртабит аст, ишора кард.
Вазири хориҷаи Сурия гуфт мехоҳад воқеъиятҳоро ба иттилоъи афкори умумии Омрико бирасонад, ин ки Сурия бо бозрасони Созмони Милал ҳамкорӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт яқин дорад мардуми меҳрубони Туркия мавзеъи вазири хориҷаи худро рад мекунанд.
Оқои Муъаллим дар посух ба хабарнигорон гуфт Сурия ҳеч паймони дифоъии муштараке бо Эрон надорад ва чунин чизе сохта ва пардохтаи расонаҳо аст.
Аббос Ироқчӣ, сухангӯйим вазири умури хориҷаи Эрон ,низ гуфтааст масъалаи ҳамлаи шимиёӣ баҳонае барои оғози ҷанг алайҳи Сурия аст. Оқои Ироқчӣ гуфта омрикоиҳо сиёсати дугонае дар бораи кишварҳо доранд ва дар ҳоле акнун аз вуқӯъи ҳамлаи шимиёӣ изҳори таассуф мекунанд, ки дар мақтаъи ҷанги Эрону Ироқ бо Саддом Ҳусейн барои анҷоми ҳамалоти шимиёӣ кумакҳои иттилоъотӣ додаанд.
