Ҷу Бойден: Шак надорем, ки ҳукумати Сурия омили ҳамлаи шимиёӣ будааст

Ҷу Бойден, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Омрико, гуфтааст "шакке нест", ки омили ҳамлаи шимиёии ҳафтаи гузашта дар Сурия, ҳукумати Башор Асад будааст.
Оқои Бойден мегӯяд ӯ ва Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, муътақиданд касе, ки чунин ҳамлаеро алайҳи занону кӯдакони бедифоъ тартиб дода, бояд барои он ҷавоб бидиҳад.
Пеш аз ин ҳам Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфта буд "ҳеҷ тардиде" вуҷуд надорад, ки давлати Сурия, омили ҳамлаи шимиёии ҳафтаи гузашта дар Димишқ буда ва "дар миқёси васеъ" аз чунин силоҳҳое истифода кардааст.
Оқои Корнӣ бо зикри ин ки "суол ин нест, ки оё силоҳи шимиёӣ истифода шуда ё на" таъкид карда: "Масъала навъи вокуниш ба чунин иқдоме аст."
Сухангӯйи Кохи Сафед ҳамчунин ваъда дод, ки дар ҳафтаи ҷорӣ мадорике ғайримаҳрамона дар исботи иддаъои ҳамлаи шимиёии давлати Сурия мунташир шавад.
Ҳамзамон Чок Ҳейгел, вазири дифоъи Омрико, гуфта, ки нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида омодаанд, ки дар сурати дастури Борок Убомо, раиси ҷумҳур, ба иқдоми низомии лозим даст бизананд.
Оқои Ҳейгл таъкид кардааст: "Мо омодаем. Нерӯҳоямонро мустақар кардаем, то ҳар гузинаеро, ки мавриди назари раиси ҷумҳур аст, ба анҷом бирасонем."
Давлати Омрико пештар гуфта буд дар сурате, ки давлати Сурия алайҳи мухолифони худ аз силоҳҳои шимиёӣ истифода кунад, алайҳи он даст ба иқдоми низомӣ хоҳад зад.
Ҳамлаи шимиёии рӯзи чаҳоршанбеи гузашта беш аз сесад кушта ва ҳамчунин беш аз се ҳазор захмӣ бар ҷой гузошт ва дар пайи он Иёлоти Муттаҳида ба ҳамроҳи Бритониё, Фаронса ва Туркия аз эҳтимоли мудохилаи низомӣ дар Сурия сухан мегӯяд.
Ба дунболи тарҳи эҳтимоли ҳамлаи хориҷӣ ба Сурия бозорҳои умдаи саҳом ва авроқи баҳодор дар ҷаҳон то андозае уфт карда ва қимати нафт низ каме боло рафтааст.
Иттиҳодияи Араб низ пас аз ҷаласае, ки дар Қоҳира дошта давлати Сурияро масъули ҳамлаи шимиёӣ доштааст.
Ҳамчунин Арабистони Саъудӣ хостори иқдоме "қотеъ ва ҷиддӣ" алайҳи ҳукумати Сурия шудааст. Саъуд Алфайсал, вазири хориҷаи Арабистони Саъудӣ, гуфта ҳукумати Сурия "ҳувияти арабии худро аз даст додааст."
Ҷаласаи порлумони Бритониё барои амалиёти эҳтимолӣ
Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, гуфтааст, ки ба манзури баррасии вокуниш нисбат ба корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар Сурия хостори фарохонии порлумон шудааст.
Оқои Комерун гуфтааст, ки раиси маҷлис бо фаро хондани намояндагон аз таътилоти тобистонӣ ва ташкили ҷаласаи порлумон дар рӯзи панҷшанбеи ин ҳафта мувофиқат кардааст.
Нахуствазири Бритониё дар паёме ки дар сойти иҷтимоъии Твитер мунташир карда, гуфтааст, ки маҷлис дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе "пешниҳоди сареъи давлат" дар мавриди вокуниш нисбат ба ҳамлаи шимиёӣ дар Сурияро ба баҳсу раъйгирӣ хоҳад гузошт.
Эҳтимоли ҳамлаи низомии хориҷӣ ба Сурия пас аз он қувват гирифта, ки чаҳоршанбеи гузашта он чи ба назар мерасад ҳамлае шимиёӣ дар ҳаволии Димишқ рӯй додааст. Бозрасони Созмони Милал бо иҷозаи давлати Сурия аз дирӯз дар ин маҳал машғули таҳқиқ дар бораи моҳияти ҳамла ва масъули он ҳастанд.
Оқои Комерун таъйид кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё тарҳҳоеро дар мавриди амалиёти низомӣ дар Сурия таҳия кардаанд, аммо ҳанӯз дар мавриди чунин амалиёте тасмимгирӣ нашудааст.
Нахуствазири Бритониё ба музокира бо раҳбарони соири кишварҳо барои ҷалби ҳимояти онон аз "вокуниши муносиб" ба ҳамлаи шимиёӣ дар Сурия идома медиҳад.
Давлати Сурия даст задан ба ҳамлаи шимиёӣ дар дохили он кишварро такзиб карда ва мутақобилан мухолифони мусаллаҳро масъули корбурди таслиҳоти шимиёии чаҳоршанбеи гузашта муъаррифӣ кардааст.
Бозрасони Созмони Милал бо иҷозаи давлати Сурия аз дирӯз машғули таҳқиқ дар бораи моҳияти ҳамлаи шимиёии эҳтимолӣ ва масъули он ҳастанд.
