Борок Убомо: Итминон дорем ҳамлаи шимиёӣ кори ҳукумати Сурия будааст

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, мегӯяд Иёлоти Муттаҳида ба ин натиҷа расида, ки ҳамлаҳои шимиёӣ ба ҳумаи Димишқ кори ҳукумати Сурия будааст.
Ӯ гуфт, ки дар бораи мудохилаи низомӣ дар Сурия ҳанӯз тасмиме нагирифтааст.
Оқои Убомо дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии омрикоии Пи-би-эс гуфт бакоргирии таслиҳоти шимиёӣ бар манофеъи миллии Омрико таъсир дорад.
Ӯ гуфт, ки ҳамлаи "маҳдуд" ба унвони "як ихтор" дар ин бора метавонад таъсири мусбате бар буҳрони Сурия бигузорад ва ҷилави истифода аз ин таслиҳотро дар оянда бигирад.
Борок Убомо дар ин мусоҳиба гуфт: "Ман ҳамчунин ба ин натиҷа расидаам, ки мудохилаи низомии мустақим, мудохила дар ҷанги дохилии Сурия, ба вазъият кумаке намекунад. Ин аст, ки дастамон хеле баста буда. Ҳарчанд аз назари диплумотик хеле фаъъол будаем."
Раиси ҷумҳури Омрико гуфт: "Мо тамоми швоҳидро баррасӣ кардаем ва ба ин натиҷа расидаем, ки мухолифони сурӣ чунин силоҳҳое дар ихтиёр надоштаанд. Василаи партоб рокет буда ва нерӯҳои мухолиф
Раиси ҷумҳури Омрико гуфт: "Мо тамоми шавоҳидро баррасӣ кардаем ва ба ин натиҷа расидаем, ки мухолифони сурӣ чунин силоҳҳое дар ихтиёр надоштаанд. Василаи партоб рокет буда ва нерӯҳои мухолиф рокете дар ихтиёр надоранд. Мо бар ин бовар ҳастем, ки давлати Сурия он ҳамалоти шимиёиро анҷом додааст. Дар ин сурат бояд бо паёмадҳои байналмилалии он мувоҷеҳ шавад."
Борок Убомо ҳамчунин дар бораи иқдоми низомӣ дар Сурия гуфт: "Мо дар ҳоли машварат бо муттаҳидони худ ва ҷомеъаи байналмилалӣ ҳастем. Ман ҳеч алоқае ба як ҷанги номаҳдуд дар Сурия надорам, аммо бояд итминон ҳосил кунем вақте кишваре меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди таслиҳоте монанди таслиҳоти шимиёиро нақз мекунад, бояд дар ин бора посухгӯ бошад."
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Омрико, "Ин эҳтимол вуҷуд дошта, ки ин таслиҳоти шимиёӣ, Омрикоро ҳадаф бигиранд ва мо мехоҳем мутмаин шавем, ки чунин иттифоқе намеафтад.
Пешниҳоди Бритониё барои қатъномаи Созмони Милал
Ин изҳороти оқои Убомо дар идомаи як рӯзи кашмакаши пушти парда дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал мунташир мешавад.
Бритониё эълом карда, ки қатъномае ба Шурои Амнияти Созмони Милал мебарад, то ин шӯро муҷаввизи "иқдомоти лозим барои ҳифозат аз ғайринизомиён" дар Сурияро содир кунад.
Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, рӯзи чаҳоршанбе дар кунфронсе матбуъотӣ гуфт Бритониё муътақид аст ҳатто бидуни таъйиди Шӯрои Амният ҳам бояд иқдоме алайҳи ҳукумати суряи анҷом шавад.
Аммо Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Сурия, гуфта иқдоми низомии эҳтимолӣ дар Сурия богяд ба таъйиди Шӯрои Амнияти Созмони Милал бирасад.
и Омрико, Бритониё ва Фаронса ба ҳамроҳи Туркия ва чанд кишвари арабӣ аз эҳтимоли иқдоми низомӣ алайҳи Сурия мегӯянд.
Баҳси ҳамлаи низомӣ ба Сурия дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бозрасони Созмони Милал машғули таҳқиқ дар бораи моҳияти ҳамлаи ахир ҳастанд.
Чин ва Русия аз аъзои доими Шӯрои Амният нисбат ба табаъоти иқдоми низомӣ алайҳи Сурия ҳушдор додаанд. ҳамчунин мақомҳои Эрон, муттаҳиди аслии сурия дар минтақа, гуфтаанд ҳамла ба Сурия фоҷиъабор хоҳад буд.
Иёлоти муттаҳида, Бритониё ва Фаронса ба ҳамроҳи Туркия ва чанд кившари арабӣ аз эҳтимоли иқдоми низомӣ алайҳи Сурия сухан мегӯянд.
Баҳси ҳамлаи низомӣ ба Сурия дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бозрасони Созмони Милал машғули таҳқиқ дар бораи моҳияти ҳамлаи ахир ҳастанд.
Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфтааст бозрасони Созмони Милал намунаҳои арзишманде барои таҳқиқоти худ ёфтаанд ва бо қурбониён ва шоҳидон низ гуфтугӯ кардаанд, аммо онҳо барои идомаи корашон ниёзманди замон ҳастанд.
Ҳукумати Сурия акидан тавассул ба таслиҳоти шимиёӣ алайҳи шаҳрвандони худро рад мекунад ва мегӯяд шӯришиёни мухолифи Башор Асад масъули ҳамлаи шимиёӣ ҳастанд.
Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия дирӯз гуфт иддаъои истифода аз силоҳҳои шимиёӣ танҳо баҳонае барои оғози ҷанг аст.
Яке аз раҳбарони курдҳои Сурия, ки бахше аз мухолифони ҳукумат ҳастанд, дирӯз ба хабаргузории Руйтерз гуфт, ки наметавон Башор Асадро масъули ҳамлаи шимиёӣ талаққӣ кард.
