Созмони Милал: Шумори паноҳҷӯёни Сурия ба ду милюн нафар расид

Рӯзи сешанбеи 3 сентябр Кумисориёи Олии Оворагони Созмони Милал дар гузорише эълом кард, ки шумори шаҳрвандони сурӣ, ки аз замони оғози буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар ба хориҷ гурехтаанд, аз марзи ду милюн нафар гузашта ва раванди хуруҷи паноҳҷӯён ҳамчунон идома дорад.
Онтунию Гутер, кумисари олии оворагони Созмони Милал бо эъломи ин омор гуфтааст, ки дар рӯзҳои ахир теъдоди касоне ки бо убур аз марзи Сурия ба кишварҳои дигар паноҳанда мешаванд, ҳар рӯз ба ҳудуди панҷ ҳазор нафар расидааст. Афзоиши эҳтимоли амалиёти низомии кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба гузоришҳои ҳокӣ аз корбурди аслиҳаи шимиёӣ боъиси ташдиди нигаронии шаҳрвандони сурӣ ва хуруҷи теъдоди бештаре аз онон шудааст.
Дар он чи ки ҳокӣ аз вахомати бештари авзоъи дохилии Сурия ва фишор ба мардуми он кишвар аст, танҳо тайи дувоздаҳ моҳи гузашта ҳудуди як милюну ҳаштсад ҳазор нафар аз мардуми Сурия кишвари худро тарк карда ва умдатан ба кишварҳои ҳамсоя паноҳанда шудаанд ва тайи се моҳи гузашта суръати хуруҷи паноҳҷӯён тақрибан панҷоҳ дарсад афзоиш ёфтааст.
Вазорати хориҷаи Эрон мусаввабаи Иттиҳодияи Араб алайҳи ҳукумати Сурия ба иттиҳоми ҳамлаи шимиёиро маҳкум кард.
Бо таваҷҷуҳ ба оворагии дохилии мардуми Сурия, ки рақами онро то беш аз чаҳор милюн нафар тахмин задаанд, дар ҳоли ҳозир ин кишвар дорои бештари шумори беҷошудагони ҷаҳон аст. Беш аз ҳафтсад ҳазор тан аз шаҳрвандони Сурия ба шакли паноҳҷӯ дар Ландан зиндагӣ мекунанд ва беш аз яксаду бист ҳазор тани дигар дар Урдун искон ёфтаанд.
Даҳҳо ҳазор тан аз оврагони Сурия низ дар урдугоҳҳои оворагон дар дохили марзи Туркия ба сар мебаранд ва тайи чанд ҳафтаи ахир бар шумори касоне ки ба Курдистони Ироқ гурехтаанд, низ ба тарзи қобили таваҷҷуҳе афзуда шуда ва Созмони Милал шумори паноҳандагони сурӣ ба Ироқро ҳудуди яксаду ҳафтод ҳазор нафар эълом кардааст
Кумиссари олии оворагон гуфтааст, ки бо вуҷуди ин теъдод паноҳҷӯ ин ниҳод танҳо 47 дарсад аз ниёзи молии ҳимоят ва кумак ба ин оворагонро дарёфт мекунад ва барои идомаи хадамот ба онон ба кумаки густардаи ҷомеъаи байналмилалӣ ниёз дорад.
