Лавров: Иддаъои Керрӣ дар бораи шавоҳиди ҳамлаи шимиёии Сурия аҷиб аст

  • 2 Сентябр, 2013
Image caption Сергей Лавров Ҷон Керриро "рафиқи хуби" худ дониста

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, иддаъои Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар бораи шавоҳиди ҳамлаи шимиёӣ дар Сурияро аҷиб хонд.

Оқои Лавров гуфт: "Бисёр аҷиб аст, ки рафиқи хубам Ҷон Керрӣ мегӯяд Омрико шавоҳиди бечунучарое аз истифодаи ҳукумати Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ дар ихтиёри мо гузошта, аммо Русия огоҳона аз пазириши ин амр худдорӣ мекунад."

Сергей Лавров гуфта, ки бино ба дархости давлати Сурия, Русия таҳқиқоте дар бораи ҳамлаи шимиёии чаҳор моҳ пеш дар Хон Асал анҷом дода ва натоиҷи онро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал гузориш кардааст.

Вазири хориҷаи Русия гуфт: "Мо гуфтем, ки вақте Созмони Милал коре намекунад, ин саҳми мо (барои рӯшан шудани моҷаро). Лутфан онро аз манзаре ҳирфаӣ баррасӣ кунед. аммо мо ҳеч посухе аз Омрико, Фаронса ва ё Инглистон ва ҳеч каси дигаре нагирифтем."

Чаҳор моҳ пеш ҳам гузоришҳое аз як ҳамлаи шимиёӣ дар Сурия мунташир шуд. Бозраси аршади Созмони Милал дар он мақтаъ масъулияти ҳамлаи шимиёиро ба шӯришиён нисбат дод, аммо ҳайъати таҳқиқи Созмони Милал баъдтар гуфт наметавонад дар ин бора изҳори назари қатъӣ кунад.

Дирӯз Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, гуфта буд Омрико шавоҳиде қатъӣ дорад, ки дар ҳамлаи ахир дар ҳумаи Димишқ аз гози сорин истифода шудааст. Омрико таъкид карда яқин дорад, ки давлати Сурия масъули ин ҳамла аст.

Кохи Сафед талошҳои худро барои қонеъ кардани намояндагони кунгре дар хусуси ҳамла ба Сурия оғоз кардааст. Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттҳида, гуфта омодааст пас аз мувофиқати кунгре дастури ҳамла ба Сурияро содир кунад.

Давлати Фаронса низ, ки барои ҳамроҳии Омрико дар ҳамла ба Сурия эъломи омодагӣ карда, гуфтааст дар ин замина бо порлумони Фаронса ройзанӣ хоҳад кард.

Порлумони Бритониё давлати ин кишварро аз мушорикат дар иқдоми низомӣ алайҳи Сурия боздоштааст, аммо Бурис Ҷонсун, шаҳрдори Ландан, мегӯяд мумкин аст бо рӯшан шудани абъоди бештаре аз он чи дар ҳумаи Димишқ рӯй дода, порлумон назари худро тағйир диҳад.

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб низ дар нишасти дирӯзи худ гуфтанд давлати Сурияро дар заминаи ҳамлаи шимиёии ҳумаи Димишқ масъул медонанд.

Матолиби муртабит