Таъхир дар иқдоми низомӣ "ҳукумати Сурияро ҷасуртар мекунад"

Эътилофи аслии гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия мегӯяд тасмими Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ки иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро ба таъхир андохтааст, боъиси ҷасур шудани нерӯҳои ҳаводори Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хоҳад шуд.
Луй Софӣ, сухангӯи Эътилофи миллии Сурия ин тасмими оқои Убоморо "ноокомӣ дар раҳбарии" Омрико хонд.
Раиси ҷумҳури Омрико рӯзи шанбе, 31 август эълом кард, ки бар асоси тасмими ӯ ин кишвар бояд ба аҳдофе дар Сурия ҳамла кунад, аммо афзуд, ки тасмими ниҳоӣ дар бораи ин ҳамларо ба таъйиди кунгреи Омрико мавкул мекунад.
Кунгреи Омрико дар таътилоти тобистонӣ аст ва рӯзи душанбеи оянда, 9 сентябр ташкили ҷаласа хоҳад дод. Ба ин тартиб то он замон Омрико ба Сурия ҳамла нахоҳад кард.
Баъд аз суханони оқои Убомо дар рӯзи шанбе, нерӯҳои давлатии Сурия гулӯлаборони мавозеъи мухолифонро дар бахшҳое аз Димишқ, пойтахт аз сар гирифтанд.
Давлати Сурия иттиҳоми Омрико алайҳи худ мабнӣ бар бакоргирии таслиҳоти шимиёӣ дар ҳумаи Димишқро рад мекунад.
Омрико мегӯяд 1429 нафар дар торихи 21 август дар асари ҳамлаи шимиёии артиши Сурия ба манотиқе дар ҳумаи Димишқ кушта шудаанд.
Раиси ҷумҳури Омрико пеш аз ин гуфта буд, ки чунин ҳамалоте "хатти қирмиз"-и Омрико хоҳад буд ва иқдоми низомии ин кишварро ба дунбол хоҳад дошт.
Рӯзи шанбе оқои Убомо гуфт ҳар гуна иқдоме маҳдуд хоҳад буд ва шомили ҳамлаи заминӣ ба Сурия нахоҳад шуд.
"Фурсате барои Сурия"
Оқои Софӣ, сухангӯи Эътилофи миллии Сурия гуфт, ки аз тасмими оқои Убомо дилсард шудааст. Ӯ афзуд: "Бими мо аз он аст ки бархурди инфиъолӣ режими (Сурия)-ро ҷасур кунад ва боъис шавад онҳо ҳамалоташонро бо шиддати бештаре дунбол кунанд."
Ҷереми Боуэн, хабарнигори Би-би-сӣ дар Димишқ мегӯяд касоне, ки нигарони ҳамлаи фаврии Омрико буданд, каме хаёлашон роҳаттар шудааст.
Ӯ мегӯяд таъхир дар иқдоми низомии Омрико ин фурсатро ба ҳукумати Сурия медиҳад, ки таҷҳизоти ҳассоси низомии худро ҷобаҷо кунад.
Давлати Сурия то кунун вокуниши расмӣ ба изҳороти оқои Убомо нишон надодааст.
Дар таҳаввуле дигар вузарои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб барои баррасии авзоъи Сурия имрӯз дар Қоҳира, пойтахти Миср ташкили ҷаласа додаанд.
Иттиҳодияи Араб давлати Сурияро масъули "ҳамлаи шимиёӣ" дар ҳумаи Димишқ медонад. Ҳарчанд ки аъзои он бар сари иқдоми низомӣ алайҳи Сурия тавофуқ надоранд.
Баъзе аз аъзо монанди Арабистон ва Қатар аз мухолифони сурӣ ҳмоят мекунанд, аммо дигарон монанди Миср ва Лубнон мухолифи иқдоми низомӣ ҳастанд.
Рӯза барои сулҳ
Дар вокунише дигар поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон аз муътақидон ба тамоми адён хост то дар як рӯзи рӯза гирифтан ва дуъо барои сулҳ дар Сурия бо ӯ ҳамроҳӣ кунанд.
Ӯ, ки барои даҳҳо ҳазор зоир ва гардишгар дар Рум сухан мегуфт, аз мардум хост, ки рӯзи шанбеи оянда дар хӯрдани як ваъда ғазои худ имсок кунанд ва дар маросими дуъои панҷсоъата дар майдони Сан Питер ба ӯ бипайванданд.
Поп Фронсис хоҳони ҷилавгирӣ аз ҷанги бештар шуд ва гуфт, ки ҷаҳон ниёз дорад калимот ва ҳаракоти бештаре дар иртибот бо сулҳ бишнавад ва бубинад.
