Вокунишҳо ба изҳороти Убомо дар бораи ҳамлаи низомӣ ба Сурия

Пас аз ин ки Борок Убомо, тасмими Кохи сафед дар бораи ҳамла ба Сурияро ба назари кунгреи ин кишвар вобаста донист, раҳбарони кишварҳои муттаҳиди Вошингтун дар вокунишҳои мутафовит аз тасмими раиси ҷумҳурии Омрико истиқбол карда ва онро "санҷида" хонданд.
Девид Комерун, нахуствазири Бритониё дар пайи изҳороти рӯзи шанбеи (31 августи) Борок Убомо, гуфт: "Ман мавзеъи оқои Убомо дар мавриди Сурияро дарк ва аз он ҳимоят мекунам."
Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё ҳами ин суханонро "санҷида" хонд.
Ҳамзамон дар Фаронса, ки рӯзгоре сарзамини Сурияро ба унвони мустаъмараи худ дар ихтиёр дошт, мухолифони Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳам аз ӯ хостаанд, ки монанди ҳамтоёни бритониёӣ ва омрикоӣ тасмимгирӣ дар мавриди ҳамлаи низомӣ ба Сурияро ба маҷлиси Фаронса бисупурад.
Бо ин ҳол дар Бритониё, ки порлумони он бо дархости давлат барои мушорикат дар ҳамлаи низомӣ мухолифат кард, лорд Ашдун, раҳбари собиқи ҳизби Либероли демукрот гуфта порлумон метавонад дар сурати лузум таҷдиди назар кунад.
Оқои Ашдун гуфта, ки тасмими Шурои Амнияти Созмони Милал ва кунгреи Омрико дар мавриди дахолати низомии Омрико дар Сурия эҳтимолан Эд Милибанд, раҳбари ҳизби коргарро дар тангноӣ қарор медиҳад, ки "на" гуфтани дубораи ӯ ва ҳам ҳизбиҳоро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Дар муқобил Рос Ҳокинз, гузоришгари сиёсии Би-би-сӣ аз мақомоти ҳизби коргари Бритониё нақл карда, ки гуфтаанд: "Мавзуъи кунгреи Омрико ба оқои Убомо марбут мешавад. Мо ба таври возеҳ ва қотеъ барои мудохилаи низомии Бритониё шароит таъин кардем."
Ҳамин манбаъ дар посух ба пурсиши гузоришгари Би-би-сӣ гуфта, ки дубора матраҳ шудани тарҳи ҳамлаи низомӣ дар порлумони Бритониё, чизе аст ки ба Девид Комерун, нахуствазир марбут мешавад ва ин худи ӯ буд, ки баъд аз раъйи манфии порлумон гуфт, ки амалиёти низомӣ алайҳи давлати Сурияро аз дастури кори давлат хориҷ кардааст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи шанбе эълом кард, ки тасмим гирифта Омрико ба иқдоми низомӣ алайҳи Сурия даст бизанад.
Оқои Убомо гуфт омодааст, ки дастури ҳамларо ба зудӣ содир кунад, аммо гуфт ин дастурро бо мувофиқати кунгре содир хоҳад кард.
Пас аз суханони субҳи рӯзи шанбеи оқои Убомо, давлати Омрико расман тарҳи худ барои дархости муҷаввизи ҳамлаи низомӣ ба Сурияро тақдими кунгреи ин кишвар кард.
Ин тарҳ бар мабнои иддаъои Кохи сафед дар бораи давлатӣ будани ҳамалоти шимиёии ҳумаи Димишқ танзим шудааст. Ҳамон шавоҳиде, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико бар асоси онҳо гуфт яқин ёфта, ки нерӯҳои низомии сурӣ масъули ин ҳамалотанд.
Дар ин тарҳ давлати Омрико гуфта, ки артиши Иёлоти Муттаҳида мехоҳад амалиёти низомиро тартиб диҳад, ки муҷиби боздорандагӣ, таваққуф, таназзул ва пешгирӣ аз тавони ҳукумати Сурия барои истифода аз силоҳҳои шимиёӣ шавад.
Дар ин тарҳ давлат дархост карда, ки иҷоза ёбад то барои ҳусули аҳдофаш аз "амалиёти низомии мавриди ниёз ва муносиб" баҳра ҷӯяд.
Бо ин вуҷуд дар ин тарҳ муҳлати замонӣ барои ин ҳамла таъин нашудааст, аммо дар он тасреҳ шуда, ки буҳрони Сурия бояд аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл шавад.
Ин нукта мумкин аст ҷумҳурихоҳони кунгреи Омрикоро хушнуд накунад. Онҳо аз Борок Убомо хостаанд ки сареҳан "барои сарнагунии ҳукумати Башор Асад" чораандешӣ кунад.
Ҷон Бинер, раиси Маҷлиси намояндагон гуфта, ки намояндагон пас аз 9 сентябр, ки аз таътилоти тобистонӣ бозмегарданд, дар ин бора тасмим хоҳанд гирифт.
Бо ин ҳол раиси ҷумҳурии Омрико гуфта ҳамла ба Сурия метавонад фардо ҳафтаи оянда ва ё як моҳи дигар анҷом бигирад, аммо ӯ мунтазири назари кунгре хоҳад монд.
Иддаъои бемаънӣ
Дар ҳоле ки сарони кишварҳои ғарбӣ дар кашмакаши сиёсии миёни давлатҳо ва маҷолис бар сари амалиёти низомӣ алайҳи Сурия ба сар мебаранд, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ҳам гуфта истифодаи нерӯҳои ҳукумати Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ иддаъое бемаънӣ аст.
Русия, муттаҳиди аслии Сурия дар чанд рӯзи гузашта бо ҷиддият иддаъои истифодаи давлати Башор Асад аз силоҳҳои шимиёӣ алайҳи мухолифонро "фоқиди шавоҳиди мустадал" арзёбӣ карда ва аз Омрико хостааст, ки барои иддаъо дар ин бора мадорик ва адиллаи худро ба Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид биёварад. Ҷое, ки Русия бо ҳақи ветои худ ҷилави ҳаргуна тавофуқ барои шаклгирии ҳамлаи низомӣ алайҳи Сурияро сад кардааст.
Дар охирин гузоришҳо аз омори талафот ва масдумони ҳамлаи шимиёӣ дар Сурия Созмони пизишкони бидуни марз эъломи карда, ки беш аз 350 нафар аз маҷруҳони ҳамлаи шимиёии мавриди баҳс дар бемористонҳои муртабит бо ин созмон ҷон бохтанд.
Рӯзи гузашта Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико шумори қурбониёни ҳамалоти шимиёии ахир дар ҳаволии Димишқро беш 1400 нафар эълом кард, ки дар миёни онҳо ҳудуди 400 кӯдак ҳам қарор доранд.
Ҷанги дохилии Сурия то кунун беш аз сад ҳазор қурбонӣ бар ҷой гузоштааст.
