Сурия: Ҳамла ба мо яъне ҳимоят аз Алқоъида

  • 2 Сентябр, 2013
Image caption Оқои Меқдод бо Ҷермӣ Боуэн гуфтугӯ кардааст

Файсал Меқдод, муъовини вазири хориҷаи Сурия, дар мусоҳибае бо Ҷермӣ Боуэн, хабарнигори Би-би-сӣ дар Димишқ, гуфт: "Ҳар ҳамла алайҳи Сурия ба маънии ҳимоят аз Алқоъида аст."

Оқои Меқдод афзуд чунин ҳамлае ба тазъифи ниҳодҳои байналмилалӣ чун созмон ва густариши терурисм дар саросари минтақаи Ховари Миёна мунҷар хоҳад шуд ва амнияти омрикоиҳоро дар дохилу хориҷи марзҳои Омрико ба хатар меандозад.

Файсал Меқдод гуфт: "Пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум Созмони Милал танҳо ниҳоде аст, ки метавонад муҷаввизи иқдоми низомӣ алайҳи кишвареро бидиҳад." Ӯ афзуд агар Иёлоти Муттаҳида худ иқдом ба ҳамла кунад, "ин ба маънии аз байн бурдани низоми байналмилалӣ аст ва ин аввалин боре нест, ки Омрико чунин коре мекунад ва ниҳодҳои байналмилалиро нодида мегирад."

Оқои Меқдод гуфт, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал метавонад ба тасмими воҳиде дар бораи Сурия бирасад, далели муваҷҷаҳе барои ин нест, ки Омрико раъсан вориди амал шавад. Ӯ гуфт: "Бо ин шакл агар фардо Русия фикр кунад бояд коре алайҳи кишваре кунад ва Шӯрои Амният дар бораи он ба натиҷа нарасад, Русия бояд сари худ ба он кишвар ҳамла кунад."

Файсал Меқдод афзуд: "Агар сохтори Созмони Милал баробарии посдорӣ аз сулҳу амниятро намекунад, маҳзи ризои худо бигӯед чаро аслан ин созмон вуҷуд дорад?"

"Шавоҳиди номавҷуд"

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд шавоҳиде қатъӣ дар даст дорад, ки нишон медиҳад ҳукумати Сурия аз ҷангафзори шимиёӣ алайҳи шаҳрвандони худ истифода кардааст.

Файсал Меқдод гуфт Омрико қаблан низ чунин шавоҳидеро ироа кардааст. Ӯ гуфт Омрико пеш аз ҳамла ба Ироқ низ шавоҳиде ироа кард, ки баъдҳо сохтагӣ буданашон ифшо шуд. Оқои Меқдод гуфт: "Онҳо доранд алъон ҳам ҳамин бозиро мекунанд."

Ӯ дар посух ба ин суол, ки фикр мекунанд кунгреи Омрико чи тасмиме дар бораи ҳамла ба Сурия бигирад, гуфт: "Кунгреи Омрико ҳамвора нишон дода, ки хеле ба фикри манофеъи исроилиҳост."

"Бояд дид ба назари исроилиҳо ҳамлаи Омрико ба Сурия ба нафъи Исроил аст ё на."

Файсал Меқдод, ки аз ӯ бо унвони фарде пурнуфуз дар режими Башор Асад ёд мешавад, гуфт ҳатто даргириҳои низомӣ ҳам роҳи ҳаллҳои сиёсӣ доранд ва афзуд ҳуқумати Сурия низ дар ниҳоят ба дунболи чунин роҳе барои ҳалли буҳрон аст.

Ӯ албатта таъкид кард музокирот наметавонад гурӯҳҳои муртабит бо Алқоъидаро дарбар бигирад

Матолиби муртабит