Дабири кулли НОТУ: Яқин дорам ҳукумати Сурия аз силоҳи шимиёӣ истифода карда

  • 2 Сентябр, 2013
Ондрес фу Росмусен

Ондрес фу Росмусен, дабири кулли Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ - НОТУ - гуфта яқин дорад, ки нерӯҳои ҳукумати Сурия аз ҷангафзори шимиёӣ истифода кардаанд.

Оқои Росмусен гуфта: "Иттилоъоте мушаххас дар ихтиёри ман қарор дода шуд, ки бидуни шарҳи ҷузъиёт метавонам бар мабнои онҳо бигӯям ман муҷоб шудаам, ки на танҳо ҳамлаи шимиёӣ анҷом шуда, балки муҷоб ҳам шудаам, ки режими Сурия масъули он будааст."

Дабири кулли НОТУ гуфта дар ин маврид як вокуниши байналмилалии қотеъ лозим аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Омрико таъкид мекунад, ки шавоҳиде дорад, ки нишон медиҳанд нерӯҳои Башор Асад дар ҳамлаи шимиёии ҳумаи Димишқ даст доштаанд, аммо то кунун ин шавоҳид мунташир нашудаанд.

Имрӯз Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия иддаъои Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико дар бораи шавоҳиди ҳамлаи шимиёӣ дар Сурияро аҷиб хонд.

Файсал Миқдод, муъовини вазири хориҷаи Сурия низ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфта шавоҳиди мавриди иддаъои Омрико мушобеҳи шавоҳиди сохтагии ироашуда пеш аз ҷанги Ироқ ҳастанд.

Мудохилаи шайтонӣ алайҳи режими шайтонӣ

Омрико қасд дорад мушорикати кишварҳои дигарро барои ҳамла ба Сурия ҷалб кунад. Порлумони Бритониё давлати ин кишварро аз мушорикат дар иқдоми низомӣ алайҳи Сурия боздоштааст.

Бано ба натоиҷи назарсанҷии Бибисӣ се чаҳоруми шаҳрвандони бритониёӣ муътақиданд, ки намояндагони порлумон тасмими дурусте дар ин бора гирифтаанд. 70 дарсад мегӯянд ин амр асаре манфӣ бар равобити Бритониё ва Омрико нахоҳад гузошт ва ду сеюм ҳам гуфтаанд аҳамияте ба ин асари манфии эҳтимолӣ намедиҳанд.

Дар ҳоле ки ағлаби гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад аз мудохилаи низомии Иёлоти Муттаҳида истиқбол кардаанд, Кумитаи ҳамоҳангии миллии Сурия, ки эътилофе аз чанд гурӯҳи чапгаро, секулор ва курд аст, нисбат ба авоқиби ин ҳамлаи эҳтимолӣ ҳушдор додааст.

Ҳайс Алманоъ, сухангӯи Кумитаи ҳамоҳангии миллии Сурия дар Порис гуфтааст ҳамла ба Сурия "мудохилаи шайтонӣ алайҳи режиме шайтонӣ" аст.

Матолиби муртабит