Фаронса мегӯяд ҳамлаи шимиёӣ кори давлати Сурия буда

Фаронса мегӯяд, ки ҳамлаи шимиёии моҳи гузашта дар атрофи Димишқ "наметавониста ба дастур ва иҷрои касе ба ҷуз давлати Сурия буда бошад."
Жон Морк Айру, нахуствазири Фаронса, дар гузорише, ки ба маҷлиси ин кишвар фиристода дар бораи ҳамлаи бисту якуми август навишта, ки дар он "ба сурати густарда аз силоҳҳои шимиёӣ истифода шудааст."
Дар ин гузориш натиҷа гирифта шуда, ки 281 нафар аз кушташудагони он ҳамла ба василаи силоҳҳои шимиёӣ ҷонашонро аз даст додаанд.
Фаронса ва Омрико хоҳони ҳамлае танбеҳӣ алайҳи давлати Сурия ҳастанд. Давлати Бритониё ҳам қасди ин корро дошт, ки порлумони ин кишвар ҷилави онро гирифт.
Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, бори дигар иттиҳоми ҳамлаи шимиёиро рад кард ва дар гуфтугӯе бо рӯзномаи фаронсавии Фигору гуфт, ки ҳамлаи шимиёӣ тавассути ӯ мантиқӣ нест."
Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳамлаи хориҷӣ метавонад оташ ба "анбори борӯти" минтақа биандозад.
Гузориш ба маҷлиси Фаронса
Ҳамлае, ки кишварҳои ғарбӣ муътақиданд бо силоҳҳои шимиёӣ анҷом шуда, дар атрофи пойтахти Сурия анҷом шуда, ки бештари заминҳояш кишоварзӣ аст.
Омрико бар асоси "иттилоъоте", ки касб карда, мегӯяд он ҳамла кори давлат буда ва дар ҷараёни он 1429 нафар кушта шуданд, ки 426 нафарашон кӯдак буданд.
Дар рӯзи душанбе Айру гузорише 9-саҳфаиро мунташир кард, ки дар он иттиҳомҳои мушобеҳе ба давлати Сурия ворид шуда буд. Гузориши фаронсавиҳо бар асоси гузоришҳои артиши ин кишвар ва иттилоъоти сервисҳои хориҷӣ танзим шуда.
Дар ин гузориш омада, ки зарродхонаи силоҳҳои шимиёии Сурия "густарда ва мутанаввеъ" аст. Давлати Фаронса навишта, ки садҳо тан гози сорин доранд.
Артиши Сурия ба навиштаи ин гузориш пеш аз ин ҳам алайҳи мардум аз гози сорин истифода карда буд, аммо ин бор онҳо "ба таври густарда аз силоҳҳои шимиёӣ истифода карданд."
Гузориш мегӯяд, ки танҳо Башор Асад ва баъзе аз наздиконаш иҷозаи судури фармони истифода аз силоҳи шимиёиро доранд. Дар айни ҳол нависандагони гузориш муътақиданд, ки мухолифон тавоноии ҳамлаи шимиёиро надоранд.
Нахуствазири Фаронса ҳамчунин аз талошҳои раиси ҷумҳурии ин кишвар Фронсуо Улонд, сухан гуфт, ки мехоҳад барои ҳамла ба Сурия бо кишварҳои ҳамсу эътилофе ташкил диҳад.
Ҳарчанд раиси ҷумҳурии Фаронса ба лиҳози қонунӣ иҷоза дорад, ки фармони ҳамла содир кунад, аммо оқои Улонд тасмимгирӣ дар бораи ин мавзӯъро ба маҷлиси ин кишвар мавкул кардааст.
