Ҳимояти сенотурҳои омрикоӣ аз "ҳамлаи маҳдуд" ба Сурия

Сенотурҳои Иёлоти Муттаҳида дар бораи пешнависи тарҳе тавофуқ кардаанд, ки ҳамлаи низомӣ ба Сурияро таъйид мекунанд ва ба ҳузури сарбозони омрикоӣ дар хоки он кишвар иҷоза намедиҳад.
Ин тасмим пас аз ҳузури мақомоти аршади давлати Борок Убомо дар ҷаласаи кумитаи равобити хориҷии сенои Омрико барои дифоъ аз тарҳи ҳамла ба Сурия эълом шудааст.
Тибқи ҷузъиёте аз ин тарҳ, ки ба дасти Би-би-сӣ расидааст, эътибори муҷаввизи ҳамлаи Омрико ба Сурия ба 60 рӯз маҳдуд мешавад ва раиси ҷумҳурӣ метавонад ин муддатро 30 рӯз тамдид кунад.
Дар ҷаласаи баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 3 сентябр, мақомоти аршади давлати Омрико гуфтанд, ки "истифода аз силоҳи шимиёӣ" тавассути ҳукумати Башор Асад дар Сурия натанҳо як буҳрони инсонӣ, балки ба таҳдидии мустақим барои Иёлоти Муттаҳида аст.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷа, Чок Ҳейгел, вазири дифоъ ва женерол Мортин Демпсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико, дар ин ҷаласа ҳозир буданд.
Оқои Керрӣ ба Эрон ва Куреи Шимолӣ ишора кард ва гуфт ин ду кишвар тарҷеҳ медиҳанд Омрико дар бораи Сурия коре накунад.
Ӯ гуфт иқдом накардани Омрико боъис мешавад душманони Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла Эрон, Куреи Шимолӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷасуртар шаванд.
Вазири умури хориҷаи Омрико дар ҷое аз ҷаласа гуфт, ки намехоҳад имкони ҳузури сарбозони омрикоӣ дар хоки Сурия дар шароити изтирориро аз байни гузинаҳо ҳазф кунад, вале фавран ҳарфи худро ислоҳ кард.
Ҷон Керрӣ гуфт, ки сирфан "доштам баланд баланд фикр мекардам" ва бо "таваҷҷуҳ ба ҷанги дохилӣ дар Сурия қарор нест пойи сарбозони омрикоӣ ба Сурия бирасад."
Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки чеҳраҳои муассири сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла раиси маҷлиси намояндагони Омрико ва раҳбарияти аксарияти ҷумҳурихоҳ дар ин маҷлис, аз тарафи Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, барои ҳамла ба Сурия ҳимоят кардаанд.
