Иҷлоси раҳбарони гурӯҳи 20 дар сояи буҳрони шимиёии Сурия оғоз мешавад

Иҷлоси солонаи гурӯҳи 20 дар ҳоле кори худро дар Русия оғоз мекунад, ки наҳваи бархурд бо буҳрони Сурия боъиси ихтилофи назари амиқи байни онҳо шуда ва раиси ҷумҳурии Русия мақомоти омрикоиро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кардааст.
Рӯзи панҷшанбе, 14 шаҳривар (5 сентябр), нахустин нишасти умумии иҷлоси солонаи сарон ва раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи 20 муташаккил аз қудратҳои умдаи иқтисодӣ ва молӣ ва теъдоде аз кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳон дар шаҳри Сан Питерзбурги Русия баргузор мешавад.
Сарон, раҳбарон ва мақомоти аршади кишварҳои Омрико, Олмон, Устролиё, Итолиё, Бритониё, Жопун, Фаронса, Конодо, Куреи Ҷанубӣ, Русия, Чин, Оржонтин, Офриқои Ҷанубӣ, Индунезӣ, Бразил, Туркия, Арабистони Саъудӣ, Мекзик, Ҳинд ва Иттиҳодияи Урупо дар ин иҷлоси дурӯза ширкат доранд ва шуморе аз онон, аз ҷумла Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико вориди Сан Питерзбург шудаанд.
Дастури кори аслии иҷлоси гурӯҳи 20 баррасии шароити иқтисоди ҷаҳонӣ ва музокира перомуни ёфтани роҳҳо барои афзоиши рушди иқтисодӣ аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба мавзеъгириҳои мутафовити кишварҳои ширкаткунанда бар сари масъалаи корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар Сурия интизор меравад ин иҷлос таҳтушшуоъи ин буҳрон қарор гирад.
Дар гирдиҳамоиҳои раҳбарони гурӯҳи 20 маъмулан дар канори ҷаласоти умумӣ барои табодули назар перомуни дастури кори аслӣ, мақомоти ширкаткунанда дар дидори хусусӣ ба баррасии масойили мавриди алоқаи худ мепардозанд ва қоидатан интизор меравад чунин мулоқотҳо байни раисони ҷумҳурии Омрико ва Русия сурат гирад. Бо таваҷҷуҳ ба сардии равобити ду тараф бар сари буҳрони Сурия дастоварди чунин мулоқоте дар Сан Питерзбург мушаххас нест.
Рӯзи гузашта Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ки дар сари роҳи худ ба Сан Питерзбург аз Суэд дидор мекард, бори дигар бар лузуми амалиёти низомии танбеҳӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия таъкид ниҳод. Оқои Убомо бо ишора ба тафоҳуми байналмилалӣ дар мухолифат бо корбурди аслиҳаи шимиёӣ, гуфт ки эътибори ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба бархурд бо тахаллуфи ҳукумати Сурия бастагӣ дорад.
Ҳамчунин нахуствазири Фаронса дар дифоъ аз таъаҳҳуд ба мушорикат дар амалиёти низомӣ алайҳи Сурия, гуфтааст, ки иттихози мавзеъи инфиъолӣ дар қиболи ҳамлаи шимиёии ҳукумати Сурия ба мардуми он кишвар, паёми нодурусте дар мавриди аҳдофи ҳастаӣ ба давлати Эрон ирсол мекунад. Мақомоти омрикоӣ ва фаронсавӣ дар канори бархе кишварҳои дигар аз ҷумла шуморе аз кишварҳои араб давлати Сурияро омили ҳамлаи шимиёӣ ба ғайринизомиён дар наздики Димишқ медонанд.
Мавзеъи мухолифи Русия ва Чин
Дар муқобил давлатҳои Русия ва Чин бо ҳар навъ иқдоми низомӣ алайҳи Сурия мухолифат кардаанд ва ба хусус мақомоти русӣ бо инъикоси дидгоҳи мақомот ва расонаҳои давлатии Сурия гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асадро масъули корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар он кишвар донистаанд.
Шомгоҳи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия тасмими раиси ҷумҳурии Омрико барои ҳамлаи низомӣ ба Сурия ва талоши давлати Омрико барои касби ҳимояти кунгреи он кишварро бори дигар мавриди ҳамла қарор дод ва мақомоти омрикоиро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кард.
Оқои Путин бо ишора ба изҳороти Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар ҷаласаи яке аз кумитаҳои кунгреи Омрико гуфт: "Яке аз намояндагони кунгре аз оқои Керрӣ пурсид, оё Алқоъида дар Сурия ҳузур дорад, зеро мардум мегӯянд, ки Алқоъида дар Сурия қудрати бештаре гирифта ва оқои Керрӣ гуфт, на, расман мегӯям, онҳо дар Сурия ҳузур надоранд. Дар ҳоле ки муҳимтарин воҳиди размии шӯришиёни Сурия, гурӯҳи мавсум ба Ҷабҳаи Нусрат, яке аз воҳидҳои шабакаи Алқоъида аст."
Раиси ҷумҳурии Русия дар идома бо лаҳне хашмолуд афзуд: "Онҳо (омрикоиён) инро медонанд ва барои ман мушоҳидаи ин гуфтугӯ дилпазир набуд, зеро мо бо омрикоиҳо муровидоте дорем бо ин фарз, ки афроди муҳтараме ҳастанд, аммо ӯ ошкоро дурӯғ мегӯяд ва худаш ҳам медонад, ки дурӯғ мегӯяд ва ин боъиси таассуф аст."
Ҳамзамон Жу Гуонгёу, муъовини вазири дороии Чин, ки раиси ҷумҳурии он кишварро дар сафар ба Сан Питерзбург ҳамроҳӣ мекунад, гуфтааст, ки ҳамлаи низомӣ ба Сурия метавонад хатароте мутаваҷҷеҳи шароити иқтисоди ҷаҳон кунад. Оқои Жу гуфтааст, ки бар асоси бархе тахминҳо дар сурати оғози амалиёти низомӣ баҳои нафти хом то 10 дулор афзоиш хоҳад ёфт, ки таъсире манфӣ бар иқтисоди кишварҳои масрафкунанда хоҳад дошт.
Таъсири амалиёти низомӣ алайҳи Сурия бар баҳои нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавриди баҳси коршиносон будааст. Дар ҳоле ки бархе аз онон аз афзоиши шадиди баҳои нафт хабар додаанд, бархеи дигар чунин афзоишеро номуҳтамил донистаанд.
Илова бар мақомоти кишварҳои узви гурӯҳи 20, Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия низ ба манзури талош барои баргузории конфаронси байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли буҳрони сиёсии Сурия озими Сан Питерзбург шудааст. Дабири кулли Созмони Милал аз ҷумлаи ширкаткунандагон дар иҷлос аст.
Иттиҳодияи Араб низи ҳукумати Сурияро масъули талафоти ҷанги дохилии он кишвар донистааст. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс ба нақл аз вазири хориҷаи Омрико гузориш кардааст, ки кишварҳои араб гуфтаанд, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҳазинаи амалиёти низомии танбеҳӣ алайҳи Сурияро таъмин хоҳанд кард.
