Кумитаи равобити хориҷии сено қатъномаи иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро тасвиб кард

Кумитаи равобити хориҷии маҷлиси сенои Омрико иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро дар вокуниш ба он чи давлати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд истифодаи давлати ин кишвар аз силоҳҳои шимиёӣ аст, тасвиб кардааст.
Ин кумита бо 10 раъйи мувофиқ дар муқобили ҳафт раъйи мухолиф ин тарҳро ба саҳни маҷлиси сено фиристод, ки эҳтимолан ҳафтаи оянда ба раъй гузошта хоҳад шуд.
Ин тарҳ дар ҳоле дар кумитаи равобити хориҷӣ тасвиб шуд, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, барои ҷалби ҳимояти байналмилалӣ аз иқдоми танбеҳии низомӣ алайҳи ҳукумати Сурия мекӯшад.
Ин тарҳ истифодаи маҳдуд аз нерӯи низомӣ дар Сурияро барои 9 рӯз муҷоз мекунад, аммо иҷозаи пиёда кардани нерӯҳои омрикоӣ дар хоки Сурияро намедиҳад.
Алорағми раъйи рӯзи чаҳоршанбе сарнавишти ин тарҳ дар саҳни сено маълум нест.
Сенздаҳ нафар аз онҳо гуфтаанд, ки эҳтимолан бо қатънома мухолифат хоҳанд кард ва 66 сенотур ҳанӯз тасмим нагирифтаанд ё раъйи онҳо маълум нест.
Бо ин ҳол, интизор меравад, ки оморҳо бо тағйири иборатбандии қатънома тағйир кунад. Ба илова фишори Кохи Сафед ва муттаҳидони он дар кунгре ҳам эҳтимолан бар наҳваи орои сенотурҳо муассир хоҳад буд.
Пештар нахуствазири Фаронса ҳушдор дод, ки агар ҷомеъаи байналмилалӣ дар қиболи ҳамлаи шимиёӣ дар Сурия иқдоме накунад, "паёме иштибоҳ" барои Эрон дар иртибот бо барномаи ҳастаии ин кишвар фиристодааст.
Ба гузориши хабаргузории Руйтерз, нахуствазири Фаронса, ки дар порлумони ин кишвар аз давлат барои мушорикат дар ҳамлаи низомӣ ба Сурия дифоъ мекард, гуфт, ки инфиъол дар ин замина сулҳу амнияти кулли минтақаро ба хатар мендозад.
Нахуствазири Фаронса ин суолро матраҳ кард, ки дар сурати иқдом накардан "чи эътиборе барои таъаҳҳудоти байналмилалии мо дар қиболи манъи густариши таслиҳоти куштори ҷамъӣ, аз ҷумла силоҳҳои ҳастаӣ боқӣ хоҳад монд?"
Нахуствазири Фаронса дар идомаи хитоб ба намояндагони порлумони Фаронса гуфт: "Чи паёме барои режимҳои дигар хоҳад фиристод... ман ҳам мисли шумо ба Эрон ва Куреи Шимолӣ фикр мекунам. Паём равшан аст: метавонед ба коратон идома диҳед."
Раъйгирии рӯзи чаҳоршанбе дар кумитаи равобити хориҷии сено пас аз шаҳодати Ҷон Керрӣ, вазири хориҷа, Чок Ҳейгел, вазири дифоъ ва женерол Мортин Демпсӣ, раиси ситоди муштарак, анҷом шуд.
Ҷон Керрӣ дар он нишаст дар рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки иқдом накардан алайҳи Сурия "паёми хатарноке" ба Эрон ва Куреи Шимолӣ хоҳад фиристод.
Чок Ҳейгел, вазири дифоъи Омрико, ҳам дар изҳори назаре мушобеҳ дар ҳамон ҷаласа гуфт агар Омрико ба Сурия ҳамла накунад, дар баробари Эрон дар иртибот бо барномаи ҳастаии ин кишвар заъиф ба назар хоҳад омад.
Нахуствазири Фаронса дар порлумони ин кишвар гуфт тардиде вуҷуд надорад, ки ҳукумати Сурия масъули ҳамлаи шимиёии ду ҳафта пеш дар атрофи Димишқ будааст.
Фаронса аз ҳамон ибтидо гуфта буд, ки дар канори Омрико дар иқдоми низомӣ алайҳи Сурия ширкат хоҳад кард.
Баъд аз раъйи манфии порлумони Бритониё ба мушорикат дар ҳамлаи низомӣ алайҳи Сурия, давлати Фаронса ҳам аз сӯйи мухолифон дар порлумон таҳти фишор қарор гирифт, то дар бораи ин мавзӯъ раъйгирӣ кунад, аммо Фронсуо Улонд, ки бинобар Қонуни асосии Фаронса ниёзе ба касби иҷозаи порлумон надорад, то кунун зери бори ин фишорҳо нарафтааст.
Ин баҳс рӯзи чаҳоршанбеи 4 сентябр дар порлумони Фаронса матраҳ шуд, аммо дар бораи он раъйгирӣ нахоҳад шуд.
Баъд аз он ки Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, гуфт, ки ҳамлаи низомӣ ба Сурияро ба раъйи кунгре мавкул мекунад; Фаронса ҳам эълом кард, ки ба танҳоӣ алайҳи Сурия иқдом нахоҳад кард.
