Рӯҳонӣ: Нахустин музокироти ҳастаии мо эҳтимолан дар Ню-Йурк анҷом мешавад

  • 10 Сентябр, 2013
Image caption Ҳасани Рӯҳонӣ: Бино бар маслаҳате музокироти ҳастаӣ ба вазорати умури хориҷа вогузор шудааст

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, гуфтааст, ки эҳтимолан нахустин музокираи ҳастаии давлати ҷадид дар ҳошияи Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки ин моҳ дар Ню-Йурк баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт.

Оқои Рӯҳонӣ дар суханронӣ дар ҳамоиши имомони ҷумъаи Эрон гуфт: "Шояд дар ҳафтаҳои оянда аввалин музокира дар мавриди парвандаи ҳастаӣ дар Ню-Йурк сурат бигирад ва баъд музокирот бо Гурӯҳи 5+1 дар ҷое, ки мушаххас мешавад, идома пайдо мекунад."

Оқои Рӯҳонӣ зимни ибрози умедворӣ барои бардошта шудани "қадамҳои муваффақ" дар ин музокирот гуфт: "Давлат аз ҳуқуқи миллат кӯтоҳ намеояд ва тамоми талоши худро дар ростои дифоъ аз ҳуқуқи миллат бо истидлол, ҳикмат ва тавъам бо иззат ба пеш меравад."

Раиси ҷумҳури Эрон чанде пеш масъулияти идомаи музокироти атумиро, ки аз замони оғози ин музокирот дар соли 1382 то пеш аз он бо Шӯрои олии амнияти миллӣ буд, ба вазорати умури хориҷа вогузор кард. Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Эрон эълом кард, ки роҳбурди аслии музокиротро камокон Шӯрои олии амнияти миллӣ таъйин хоҳад кард, ки раёсати он ба уҳдаи раиси ҷумҳур аст.

Image caption Марзияи Афхам нахустин зане аст, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ сухангӯйи вазорати умури хориҷаро бар уҳда гирфтааст

Оқои Рӯҳонӣ дар ин бора гуфт:" Бино бар маслаҳате музокироти ҳастаӣ ба вазорати умури хориҷа вогузор шудааст."

Ҳасани Рӯҳонӣ дар давлати Муҳаммади Хотамӣ ба муддати чаҳор сол ба унвони дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ масъулияти тими музокиракунандагони эрониро бар уҳда дошт.

Дар хабари дигаре Марзия Афхам, сухангӯйи вазорати умури хориҷа, дар нахустин нишасти хабарии худ гуфт, ки Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун , сарпарасти Гурӯҳи 5+1 дар музокироти ҳастаӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йурк дидор хоҳанд кард.

Хонуми Афхам гуфт, ки ин дидор "ба манзалаи музокираи Эрон бо Гурӯҳи 5+1 нест".

Ӯ дар хусуси интиқоли масъулияти музокироти ҳастаии Эрон аз Шӯрои олии амният ба вазорати хориҷа гуфт: "Вазорати хориҷа бо ҳамкории соири дастгоҳҳои зирабт, ки чорчӯби ҳамоҳангиҳо дар Шӯрои олии амнияти миллӣ анҷом мешавад, музокиротро раҳбарӣ ва ҳамоҳангиҳоро анҷом медиҳад."

Охирин музокираи ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар авоили соли ҷорӣ ва дар замони давлати Маҳмуди Аҳмадинажод сурат гирифт, ки Саъид Ҷалилӣ, дабири собиқи Шӯрои олии амнияти миллӣ, сарпарастии гурӯҳи эрониро бар уҳда дошт.

Матолиби муртабит