Форин полисӣ: Тибқи асноди СИО Омрико ба Саддом дар ҳамлаи шимиёӣ ба Эрон кумак кард

Вебсойти нашрияи Форин полисӣ (Сиёсати хориҷӣ), чопи Вошингутн дар гузорише мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҷараёни ҷанги Эрону Ироқ бо иттилоъ аз ин ки Ироқ аз силоҳҳои шимиёӣ истифода хоҳад кард, кумакҳои иттилоъотиро дар ихтиёри Ироқ гузошта буд.
Форин полисӣ мегӯяд ин гузориши худро бо истифодаи асноди Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико, СИО, ки батозагӣ аз табақабандии маҳрамона хориҷ шудаанд, танзим кардааст.
Форин полисӣ мегӯяд Омрико аз рӯи тасовири моҳвораӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки Эрон дар остонаи ба даст овардани пирӯзиҳое истротежик аст ва ба дунболи он мавқеъияти нерӯҳои эрониро ба Ироқ иттилоъ дод.
Форин полисӣ мегӯяд Иёлоти Муттаҳида комилан аз ин мавзӯъ, ки Саддом Ҳусейн эҳтимолан аз таслиҳоти шимиёӣ алайҳи эрониҳо истифода хоҳад кард, огоҳ будаааст.
Омрико дар ҷараёни ҷанги Эрону Ироқ кумакҳои низомӣ ва иттилоъотӣ дар ихтиёри Саддом Ҳусейн гузошта буд, аммо мақомҳои омрикоӣ мегӯянд медонистанд, ки артиши Ироқ мумкин аст аз силоҳҳои шимиёӣ истифода кунад.
Сарҳанг Рейк Фронкуно, вобастаи низомии Омрико дар Бағдод дар мақтаъи ҳамалоти шимиёӣ, ба Форин полисӣ мегӯяд: "Ироқиҳо ба мо ҳаргиз нагуфтанд қасд доранд аз гози аъсоб истифода кунанд. Лозим набуд, ки бигӯянд, мо худамон медонистем."
Интишори хабари кумаки Омрико ба ҳамлаи шимиёии Ироқ алайҳи Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки Иёлоти Муттаҳида эълом кардааст истифодаи эҳтимолӣ аз таслиҳоти шимиёӣ тавассути ҳукумати Сурия навъе хатти қирмиз маҳсуб мешавад ва мумкин аст ба мудохилаи низомӣ алайҳи Сурия бианҷомад.
