Додгоҳи Тойланд эрониёни муттаҳам ба тавтеъаи терури диплумотҳои исроилиро маҳкум кард

Ду эронии муттаҳам ба иқдоми нофарҷом барои терури диплумотҳои исроилӣ дар Тойланд ба давраҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Рӯзи панҷшанбеи 21 август манобеъи хабарии Тойланд гузориш кардаанд, ки додгоҳи кайфарии бахши ҷанубии Бонкук, пойтахти ин кишвар, ду шаҳрванди эронӣ ба асомии Саъиди Муродӣ, 29-сола ва Муҳаммади Хазоъӣ, 43-соларо дар иртибот бо тавтеъаи қатли диплумотҳои исроилӣ дар Тойланд муҷрим шинохта ва ононро батартиб ба ҳабси абад ва понздаҳ сол зиндон маҳкум кардааст.
Қозии додгоҳ ҳангоми эъломи раъй гуфт, ки Саъиди Муродӣ "дар иртибот бо ҳамли маводди мунфаҷира дар амокини умумӣ, истифода аз маводди мунфаҷира бо ҳадафи қатли маъмурони давлатӣ ва истифода аз маводди мунфаҷира мунҷар ба тахриби амвол" муҷрим шинохта шудааст.
Оқои Мурдодӣ ҳангоме ки таҳти таъқиби маъмурони пулис буд, зоҳиран ба манзури фирор аз дасти маъмурон ба партоби маводди мунфаҷира мубодират варзид, ки дар натиҷаи он ду пои худро аз даст дод. Ӯ ба сандалии чархдор дар ҷаласоти додгоҳ ширкат карда буд.
Муҳаммад Хазоъӣ низ ба иттиҳоми дар ихтиёр доштани маводди мунфаҷираи ғайриқонунӣ ба понздаҳ сол ҳабс маҳкум шуд.
Ҳар ду муттаҳами парванда иттиҳомоти воридаро инкор карда буданд ва пас аз судури раъйи додгоҳ вакили мудофеъи онон гуфт, ки пас аз машварат бо маҳкумин ва хонаводаҳои онон мавзӯъи таҷдидиназархоҳӣ аз ҳукми содираро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Ба гуфтаи коршиносони ҳуқуқии Тойланд Саъиди Муродӣ, ки аз ӯ бо унвони текнисияни корхонаи Теҳрон ва як низомии собиқи эронӣ ном бурда шуда, бо маҳкумияти эъдом мувоҷеҳ буд, аммо додгоҳ ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Қавонини кайфарии Тойланд ҳамчунон барои бархе ҷароим муҷозоти эъдомро пешбинӣ кардааст.
Дар ҷараёни расидагӣ ба парванда, оқои Муродӣ гуфта буд, ки дар назар дошт маводди мунфаҷираеро, ки ҳангоми таъқиб тавассути маъмурони пулис мунҷар шуд, аз як хонаи маскунӣ ба маҳалли дигаре ҳамл кунад ва аз миён бибарад. Вай афзуда буд, ки хабар надошта, ки ин мавод ба "бумбҳои часпандаӣ" шабеҳ буд, ки як рӯз қабл аз ҳодиса дар Бонкук дар талош барои терури диплумотҳои исроилӣ дар Ҳинд ва Гурҷистон ба кор рафта буд.
Муҳаммад Хазоъӣ ҳам дар ҷараёни муҳокима таъкид дошт, ки "терурист" нест, бо моҷарои маводди мунфаҷира иртиботе надошта ва дар фурудгоҳи Теҳрон ва мавқеъи савор шудан ба ҳавопаймое ба мақсади Тойланд бо Саъид Муродӣ ошно шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир, як шаҳрванди дигари эронӣ ба номи Масъуд Садоқатзода, 31-сола, дар иртибот бо ҳамин парванда дар Молезӣ дар боздошт ба сар мебарад ва мақомоти қазоии он кишвар машғули баррасии тақозоҳои давлати Тойланд барои истирдоди ӯ ҷиҳати муҳокима ҳастанд.
Ба гузорииши манобеъи хабарии Тойланд, оқои Садоқатзода бо оқоёни Муродӣ ва Хазоъӣ дар шаҳри Потоё, Тойланд, мулоқот карда буд, аммо пас аз воқиъаи инфиҷор тавонист ба Молезӣ бигурезад.
