Маҷлиси Эрон ба се вазири пешниҳодии Рӯҳонӣ раъйи эътимод надод

Баррасии кобинаи пешниҳодии Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷлиси Эрон баъд аз чаҳор рӯз поён гирифт.
Муҳаммадалии Наҷафӣ, Ҷаъфар Майлии Мунфарид ва Масъуди Султонифард барои вазоратхонаҳои омӯзишу парвариш, улум ва таҳқиқот ва варзиш ва ҷавонон натавонистанд раъйи эътимод бигиранд.
То замони мушаххас шудани вазирони ин се вазоратхона, бо сварпараст ба кори худ идома хоҳад дод.
Дар ин ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи 15 август, ки то шомгоҳ идома пайдо кард, маҷлиси Эрон ба 15 вазири пешниҳодии дигар раъйи мусбат дод.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар нутқи поёнии ин ҷаласоти баррасии вузарои пешниҳодӣ дар маҷлис, аз ин феҳрист 18-нафара дифоъ кард.
Ӯ дар нутқи дифоъии худ гуфт кобинаи пешниҳодиаш "як порчаи мунсаҷим ва воҳид ҳастанд."
Дар миёни вузарои пешниҳодӣ Алии Тайибниё барои вазорати умури иқтисод ва дороӣ, бо 274 раъйи мувофиқ бештарин раъйи мусбатро аз маҷлиси нуҳум гирифт.
Пас аз ӯ Ҳамиди Читчиён барои вазорати нерӯ, бо 272 раъйи мувофиқ таъйиди қудратманде аз намояндагон гирифт.
Ҳасани Деҳқон барои вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ бо 269 раъйи мусбат севумин вазири хушиқбол дар маҷлис шуд.
Ҷаъфар Майлии Мунфарид барои вазорати улуми таҳқиқот ва фановарӣ, 162 раъйи манфӣ гирифт, ки бештарин орои манфиро дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе гирифт.
Пас аз ӯ Масъуди Султонифар, вазири пешниҳодии варзиш ва ҷавонон бо 147 раъйи манфӣ ва Муҳаммадалии Наҷафӣ барои вазорати омӯзишу парвариш бо 133 раъйи манфӣ бештарин вокуниши манфии намояндагони ағлаби усулгарои маҷлисро ба худ гирифтанд.
Дар ҷаласоти баррасии ин вузарои пешниҳодӣ шуморе аз намояндагони усулгарои маҷлис аз оқои Майлии Мунфарид ба ин хотир интиқод карданд, ки вақте муъовини Мустафо Муъин дар вазорати улум буд, алайҳи ташаккулҳои донишҷӯӣ шиддати амал ба харҷ надод.
Муҳаммадалии Наҷафӣ низ ба хотири ҳузураш дар ситоди интихоботии Меҳдии Каррубӣ дар соли 1388 ва сипас амалкардаш дар шӯрои шаҳри Теҳрон дар "дилҷӯйӣ" аз хонаводаи қурбониёни эътирозҳои пас аз он интихобот мавриди интиқоди шуморе аз намояндагони усулгаро қарор гирифт.
Оқои Наҷафӣ ниҳоятан бо ихтилофи як раъй натавонист ба кобина роҳ ёбад.
Ннутқи Рӯҳонӣ дар дифоъ аз вузаро
Оқои Рӯҳонӣ дар нутқи поёнии худ дар дифоъ аз вузарои пешниҳодиаш гуфт бархе аз изҳороти намояндагони маҷлис "каме дилгиркунанда буд", аммо гуфт "ҳамаи мо бояд одат кунем таҳаммулро боло бибарем; ҳам намояндагони маҷлис ва ҳам вазирон".
Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчун нутқи муъаррифии ин вузарои пешниҳодӣ бори дигар гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба шароити кишвар "наметавонистем озмун ва хаторо як бори дигар таҷруба кунем ва фурсатҳои ҳассосро аз даст бидиҳем."
Ӯ аз намояндагон хост, ки ба кулли ин кобинаи пешниҳодӣ раъйи эътимод бидиҳанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунон бо ишора ба интихоботи раёсати ҷумҳурии чаҳор соли пеш, ки эътирозҳои густарда дар Эронро ба дунбол дошт, гуфт: "Чанд сол пеш ҳаводиси талхе рӯй дод. Иддае урдукашии хиёбонӣ карданд ва иддае Каҳрезак дуруст карданд."
Оқои Рӯҳонӣ дар ин бора гуфт: "Ҳама бояд талош кунанд оташҳоро бо эътидол хомӯш кунем."
Ин изҳороти раиси ҷумҳури Эрон дар фазои маҷозӣ низ вокунишбарангез шуда ва интиқоди гурӯҳҳое аз ҳаводорони ӯро ҳам барангехтааст.
Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, дар намози ҷумъа аз эътирозҳои хиёбонӣ дар Эрон ба унвони "урдукашии хиёбонӣ" ном бурда буд.
