Рӯҳонӣ бар идомаи тарҳи ҳадафманд кардани ёронаҳо ва хусусисозӣ таъкид кард

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар нахустин ҷаласаи баррасии раъйи эътимод ба кобинаи пешниҳодии худ дар маҷлис бо интиқоди таҳримҳо алайҳи Эрон гуфт, ки "ҳама медонем, ки кишвари мо дар шароити душвори иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ қарор дорад ва фишорҳои байналмилалӣ низ бар мушкилот афзудааст."
Ӯ таъкид кард, ки давлат бояд сиёсати худ дар чигунагии идомаи тарҳи ҳадафманд кардани ёронаҳо ва хусусисозиро рӯшан кунад.
Оқои Рӯҳонӣ гуфт, ки мушкили умдаи иқтисоди Эрон адами таъодул дар нисбати воридоту содирот, буҷети давлат ва низоми бонкӣ аст.
Ӯ гуфт иҷрои коротари тарҳи ҳадафманд кардани ёронаҳо яке аз роҳҳои рафъи ин адами таъодулҳо аст.
Оқои Рӯҳонӣ гуфт: "Мо фикр мекунем фози дувуми ҳадафмандсозии ёронаҳо бояд бисёр коротар ва бо таъкид бар рафъи адами таъодулҳои иқтисодҳои калон ба иҷро дарояд."
Ҳасани Рӯҳонӣ ваъда дод, ки давлаташ дар шашмоҳаи аввал ба бархе мушкилоти фаврии иқтисоди Эрон расидагӣ хоҳад кард ва хоҳад кӯшид колоҳои асосии мавриди ниёзи мардумро таъмин кунад.
Ӯ гуфт бахши қобили таваҷҷуҳе аз даромадҳои пешбинишудаи давлат дар буҷети 1392/2013-2014 амалан таҳаққуқ напазируфтааст ва ба ин тартиб давлаташ бояд барои "иҷрои воқеъбинонаи" буҷети соли ҷорӣ талош кунад.
Оқои Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, ки аввалин озмуни сахти давлаташ "дар буҷети соли 93 хоҳад буд, ки мутмаинан бар мабнои меъёрҳо инзиботи молӣ, пулӣ, шаффофият ва ҳадди аксарсозии манобеъ ва афзоиши короии масориф танзим хоҳад шуд."
Ҳасани Рӯҳонӣ пештар низ бо ҳузур дар маҷлиси Эрон аз буҷети соли 1392 ва чигунагии иҷрои он интиқод карда буд.
Аз ҷумлаи интиқодҳои ӯ ин буд, ки давлати Маҳмуди Аҳмадинажод ба вазифаи қонунии худ барои боло бурдани қимати ҳомилҳои энержӣ амал накардааст.
Оқои Рӯҳонӣ гуфт: "Ду ҳаракати ислоҳии асосӣ аз маҷмӯъаи ислоҳоти иқтисодии мавриди ниёзи кившар дар арсаи вогузории тасаддиҳои давлат пас аз иблоғи сиёсатҳои куллии асли 44-и Қонуни асосӣ аз сӯйи мақоми муъаззами раҳбарӣ ва ислоҳи қимати энержӣ пас аз тасвиби қонуни ҳадафмандсозии ёронаҳо тайи солҳои ахир сурат гирифтааст, ки давлати ёздаҳум бояд рӯйкарди худро дар мавриди чигунагии идомаи онҳо дар мароҳили баъдӣ мушаххас кунад."
Хусусисозӣ ва пойин овардани ҳаҷми субсидҳои пардохтии давлат аз сиёсатҳои иқтисодии умдае ҳастанд, ки давлатҳои мухталиф аз давраи Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ қасди иҷрои онро доштаанд ва дар замони раёсати ҷумҳурии Аҳмадинажод ин сиёсатҳо ба таври чашмгире ба иҷро даромадаанд.
Бархе иҷрои ин сиёсатҳоро дар канори таҳримҳое, ки алайҳи нефт ва низоми бонкии Эрон вазъ шудаанд, аз далоили мушкилоти ҷории иқтисоди Эрон медонанд.
