Дувумин рӯзи ҷаласаи раъйи эътимод ба вазирони пешниҳодии Рӯҳонӣ оғоз шуд

  • 13 Август, 2013
Image caption Оқои Наҷафӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 1388 аз мушовирони аршади Меҳдии Каррубӣ буд

Дувумин рӯзи ҷаласаи баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии Ҳасани Рӯҳонӣ бо ҳузури беш аз дувист намоянда дар Маҷлис оғоз шуд.

Меҳрдоди Лоҳутӣ, намояндаи мардуми Лангрӯд, дар оғози дувумин рӯзи ҷаласа дар дифоъ аз Муҳаммад Алии Наҷафӣ суханронӣ кард.

Муҳаммад Алии Наҷафӣ, вазири пешниҳодии омӯзишу парвариш, нахустин вазири пешниҳодӣ аст, ки аз барномаҳои худаш дифоъ мекунад.

Теъдоде аз намояндагони мувофиқ ва мухолифи оқои Наҷафӣ дирӯз суханронӣ карданд.

Оқои Наҷафӣ дар посух ба мухолифони худ дар Маҷлис, ки гуфта буданд ӯ дар замони вазораташ муъовинати парвариширо таътил карда, гуфт, ки ин муъовинат пас аз ӯ барчида шуд.

Оқои Наҷафӣ гуфт бо икроҳ донишомӯзро наметавон диндор кард, чун дингурез мешавад. Оқои Наҷафӣ афзуд: "Ман ба ишқи хидмат ба инқилоб 35 сол пеш таҳсиламро дар муътабартарин донишгоҳи Омрико нимакора гузоштам ва омадам ба Эрон."

Муҳаммад Алии Наҷафӣ 14 сол вазири улум ва омӯзишу парвариш, 8 сол раёсати Созмони барнома ва буҷет, 7 сол узви шӯрои шаҳри Теҳрон буд. Фориғуттаҳсили донишгоҳи санъатии Шариф ва Эм-ой-тии Омрикост.

Оқои Наҷафӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 1388 аз мушовирони аршади Меҳдии Каррубӣ буд ва ба унвони яке аз намояндагони ӯ дар ҷаласаи хусусӣ бо Оятуллоҳ Хоминаӣ ҳузур дошт.

Дар рӯзи гузашта намояндагони мухолифи оқои Наҷафӣ ӯро муттаҳам карданд, ки дар ҷараёни иттифоқоти пас аз интихоботи 1388 нақш доштааст.

Оқои Наҷафӣ гуфт, ки дар ҳеҷ кадом аз роҳпаймоиҳои соли 88 баъд аз 29 хурдод ширкат накардааст.

Image caption Муҳаммад Воъизӣ, вазири пешниҳодии иртиботот ва фановарии иттилоъот дувумин вазири пешниҳодӣ аст

Муҳаммад Воъизӣ, вазири пешниҳодии иртиботот ва фановарии иттилоъот дувумин вазири пешниҳодӣ аст, ки салоҳияти ӯ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Беҳрӯз Неъматӣ, нахустин намояндае аст, ки дар мухолифат бо барномаҳои ӯ суханронии худро оғоз кард.

Муҳаммади Воъизӣ бидуни собиқаи вазорат аст. Ӯ қаблан мудири омили ширкати мухобироти Эрон, муъовинати вазорати хориҷа, муъовинати пажӯҳишҳои сиёсати хориҷии маркази таҳқиқоти истротежик буд. Дорои фавқуллисонси электруник ва дуктарои равобити байналмилал аст.

Оқои Неъматӣ гуфт, ки Маҳмуди Воъизӣ як диплумоти шинохташуда аст, аммо иттилоъоти вай ба даҳаи 60 бозмегардад, на имрӯз.

Алиасғар Зореъӣ гуфта баъид медонад, ки оқои Воъизӣ аслан аз корхонаҳо ва саноеъи электруникӣ боздид ва ё бо мудирони онҳо дидор карда бошад. Тиҷорат ва давлати электруник низ аз масоили ҷадиди имрӯз аст ва яқин дорад оқои Воъизӣ нисбат ба ин масоил комилан бегона аст.

Оқои Зореъӣ гуфт: "Бештар ба назар мерасад оқои Воъизӣ дар қисмати вазорати умури хориҷа масъулияте бипазирад. Ба назарам вақте оқои Воъизӣ ба унвони вазири пешниҳодии иртиботот интихоб шуд, худаш ҳам таъаҷҷуб кард."

Ҷаласаи раъйи эътимод ба вузарои пешниҳодии Рӯҳонӣ идома дорад ва мувофиқону мухолифон дар мавриди вузарои пешниҳодӣ ибрози назар мекунанд.

Матолиби муртабит