Наҳваи баррасии вазирони пешниҳодӣ дар Маҷлиси Эрон 'тағйир мекунад'

Иддае аз намояндагони Маҷлиси Эрон аз таҳияи тарҳе барои ислоҳи наҳваи баррасӣ ва раъйи эътимод ба вазирони пешниҳодӣ хабар додаанд.
Ҳодии Ҳусайнӣ, узви Кумисюни тадвини ойинномаи дохилии Маҷлиси Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории давлатии Эрон, Ирно гуфт: “Тарҳи ислоҳи модаи 188 ойинномаи маҷлиси Шӯрои исломӣ дар бораи наҳваи баррасӣ ва раъйи эътимод ба вазирон дар Кумиссюни шӯроҳо ва умури дохилии кишвар дар маҷлис таҳия ва тасвиб шудааст.”
Ӯ гуфт: “Ин кумиссюн талош дорад, то ин тарҳро бо имзои беш аз 50 намоянда тақдими ҳайъати раисаи маҷлис кунад ва бинобар ин пас аз таътилоти тобистонии Хонаи миллат имзои намояндагон ҷамъоварӣ мешавад.”
Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ бар асоси ин тарҳ вазирони пешниҳодӣ ба маҷлис бояд дорои мадраки коршиноси аршад ё муъодили он ва ҳадди ақал дорои 10 соли собиқаи кории марбут ва ҳамчунин дорои барномаҳо ва мадорики мустанад бошанд.
Бо ин ҳол, Абдулризо Мусрӣ, узви ҳайъати раисаи маҷлис дар гуфтугӯ бо сойти Хонаи миллат гуфтааст, ки агар ойиннома тағйир кунад, иҷрои он ба кобинаи пешниҳодии Ҳасани Рӯҳонӣ нахоҳад расид.
Оқои Мусрӣ гуфт: “Ойинномаи дохилии маҷлис ҳанӯз тағйироте надоштааст; зеро ончи дар Кумиссюни тадвини ойиннома мавриди баррасӣ қарор мегирад, бояд дар саҳни алании маҷлис низ матраҳ ва таъйид шавад.”
Ӯ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки маросими танфиз ва таҳлифи раиси ҷумҳурии мунтахаб дар пеш аст, дар сурате, ки Рӯҳонӣ билофосила кобинаро муъаррифӣ кунад, ойинномаи феълӣ ба қуввати худ боқӣ аст ва дар ғайри ин сурат низ баъид медонад, ки тағйироти ойинномаӣ барои ин давра аз раъйи эътимод ба вузаро қобили иҷро бошад.
Маросими танфиз ва таҳлифи оқои Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон дар моҳи август баргузор мешавад. Ӯ билофосила бояд вазирони пешниҳодии худро ба маҷлис муъаррифӣ кунад ва маҷлис ду ҳафта вақт дорад, то феҳристи вазирони пешниҳодиро баррасӣ кунад ва сипас ҷалсаи раъйи эътимод ба вазирон дар маҷлис баргузор мешавад.
Муҳаммадризо Боҳунар, ноиби раиси маҷлис ҳам гуфт, ки ин тарҳ ҳануз дар марҳилаи муқаддамотӣ аст ва намояндагон ҳамчунон дар ҳоли баррасии он ҳастанд.
