Хотамӣ ба дидори Насрини Сутуда, вакили зиндонӣ рафт

  • 2 Июл, 2013

Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон, ба дидори Насрин Сутуда, вакили зиндонӣ рафтааст.

Хонуми Сутуда аз шаҳривари 1389 дар боздошт аст ва додгоҳ ба ҷурми "иқдом алайҳи низом ва узвият дар конуни мудофеъони ҳуқуwи башар" ба таҳаммули 11 сол ҳабси таъзирӣ, 20 сол маҳрумият аз ваколат ва 20 сол мамнӯъияти хуруҷ аз кишвар маҳкум шудааст. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар мураххасӣ ва берун аз зиндон ба сар мебарад.

Насрин Сутуда: Ҳамаи мо дилсӯзи кишварем

Муҳаммад Хотамӣ дар ин дидор ибрози умедворӣ карда, ки "ҳамаи зиндониёни сиёсӣ озод шаванд, то фазои муносиби падидомада боз ҳам латифтар гардад ва ҳамагон битавонанд хидмати худро ба кишвар ва мардум анҷом диҳанд."

Раиси ҷумҳури пешини Эрон гуфта "қатъан ин рӯйдод ба нафъи ҳамагон, бахусус низом ва кишвар аст ва ояндаро беҳтар аз гузашта хоҳад кард."

Бар асоси гузоришҳо аз Эрон, дар ҳафтаҳои ахир ва пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нишонаҳое аз эҳтимоли беҳбуди фазои сиёсӣ ва иҷтимоъии ҳоким дар ин кишвар ба чашм мехӯрад.

Оқои Хотамӣ изҳори умедворӣ кард, ки "ҳама ба ҷонибе ҳаракат кунем, ки ҳар кишвар ва миллат дар он аст ва боъиси тақвияти эътимоди мутақобили мардум ва ҳукумат хоҳад шуд."

Бар асоси гузориши сойти расмии оқои Хотамӣ, Насрин Сутуда дар ин дидор гузорише аз вазъияти худ ва зиндон ба раиси ҷумҳури пешини Эрон додааст.

Хонуми Сутуда дар ин дидор ба оқои Хотамӣ гуфта "ҳамаи мо дилсӯзи кишвар ҳастем ва худро мухолиф намедонем, мунтаҳо мунтақидем назароти мухталиф бояд бо амният баён шавад."

Ӯ хостори "озодии ҳама зиндониёни сиёсии бидуни табъиз, анҷоми додрасии одилона дар хусуси иттиҳомоти сиёсӣ мутобиқи Қонуни асосӣ ва бо ҳузури ҳайъати мунсифа ба сурати аланӣ ва дар додгоҳҳои умумӣ" шудааст.

Хонуми Сутуда аз аъзои Конуни мудофеъони ҳуқуқи башар аст, ки ба дифоъ аз навҷавонони маҳкум ба эъдом, зиндониёни ақидатӣ, фаъъолони ҳуқуқи башар ва кӯдакони қурбонии хушунат шуҳрат дорад.

Матолиби муртабит