Гуфтугӯйи телефунии бесобиқаи Рӯҳонӣ ва Убомо

  • 28 Сентябр, 2013

<object width="640" height="360" type="application/x-shockwave-flash" data="http://www.bbc.co.uk/emp/worldwide/player.swf"> <param name="movie" value="http://www.bbc.co.uk/emp/worldwide/player.swf" /> <param name="quality" value="high" /> <param name="wmode" value="default" /> <param name="allowFullScreen" value="true" /> <param name="allowScriptAccess" value="always" /> <param name="flashvars" value="playlist=http://www.bbc.com/archivist/persian/meta/dps/2013/09/emp/130927_l47_obama_rohani_.emp.xml&config=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/scripts/core/2/emp_jsapi_config.xml?499&config_settings_displayMode=standard&config_settings_autoPlay=false&domId=emp-27341765&mediatorHref=http://static.files.bbci.co.uk/news-archive/open.live.bbc.co.uk/mediaselector/5/select/version/2.0/mediaset/journalism-pc/transferformat/plain/vpid/{id}&config_settings_showFooter=false&config_settings_language=en&embedReferer=http://www.bbc.com/archivist/persian/&relatedLinksCarousel=false&messagesFileUrl=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/emp/3/vocab/en.xml&embedPageUrl=http://www.bbc.com/archivist/persian/iran/2013/09/130927_em-us-iran-phonecall.shtml&config.plugins.fmtjLiveStats.pageType=t2_eav2_Started&showShareButton=true&uxHighlightColour=0xff0000&config_settings_showPopoutButton=true&config_settings_autoPlay=false" /> <embed src="http://www.bbc.co.uk/emp/worldwide/player.swf" type="application/x-shockwave-flash" allowfullscreen="true" allowScriptAccess="always" width="640" height="360" FlashVars="playlist=playlist=http://www.bbc.com/archivist/persian/meta/dps/2013/09/emp/130927_l47_obama_rohani_.emp.xml&config=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/scripts/core/2/emp_jsapi_config.xml?499&config_settings_displayMode=standard&config_settings_autoPlay=false&domId=emp-27341765&mediatorHref=http://static.files.bbci.co.uk/news-archive/open.live.bbc.co.uk/mediaselector/5/select/version/2.0/mediaset/journalism-pc/transferformat/plain/vpid/{id}&config_settings_showFooter=false&config_settings_language=en&embedReferer=http://www.bbc.com/archivist/persian/&relatedLinksCarousel=false&messagesFileUrl=http://www.bbc.com/archivist/worldservice/emp/3/vocab/en.xml&embedPageUrl=http://www.bbc.com/archivist/persian/iran/2013/09/130927_em-us-iran-phonecall.shtml&config.plugins.fmtjLiveStats.pageType=t2_eav2_Started&showShareButton=true&uxHighlightColour=0xff0000&config_settings_showPopoutButton=true&config_settings_autoPlay=false"></embed> </object>

Руасои ҷумҳурии Омрико ва Эрон рӯзи ҷумъа дар поёни сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ню-Йурк суҳбат карданд.

Борок Убомо баъд аз зуҳри ҷумъа дар як кунферонси хабарӣ дар Вошингтун аз ин муколамаи бесобиқа хабар дод.

Ба гуфтаи мақомҳои омрикоӣ, ин муколама дар соъати дуву ними баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа ва ба муддати 15 дақиқа сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи оқои Убомо, ӯ пас аз гуфтугӯ бо ҳамтои эронии худ ба ин натиҷа расидааст, ки ду кишвар метавонанд ба як тавофуқи ҷомеъ барои поён додан ба муноқишаи ҳастаӣ даст ёбанд.

Оқои Убомо гуфт роҳи расидан ба тавофуқ бо Эрон душвор аст, вале бо ба рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар ин кишвар як фурсати истисноӣ барои пеш бурдани гуфтугӯҳо падид омадааст.

Image caption Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳоли тарки Ню-Йурк; ӯ ин аксро дар Твитер мунташир кардааст

Ба гуфтаи як мақоми омрикоӣ, ки хоста номаш фош нашавад, оқои Рӯҳонӣ пеш аз тарки Ню-Йурк хостори гуфтугӯйи телефунӣ бо оқои Убомо шуда буд.

Оқои Рӯҳонӣ ҳам бо интишори паёмҳое дар шабакаи иҷтимоъии Твитер бахшҳое аз муколамаи худ бо Борок Убоморо нақл кардааст.

Ба навиштаи оқои Рӯҳонӣ, ӯ ба Борок Убомо гуфтааст, ки бо азми сиёсӣ метавон басуръат ба ихтилофот бар сари барномаи атумии Эрон поён дод.

Оқои Рӯҳонӣ ҳамчунин ба Борок Убомо гуфтааст, ки ба таъомул бо аъзои Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як", бахусус Иёлоти Муттаҳида, дар ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда умедвор аст.

Оқои Рӯҳонӣ навишт дар поёни муколама ӯ барои оқои Убомо орзу карда, ки рӯзи хубе дошта бошад ва раиси ҷумҳурии Омрико ҳам ба форсӣ гуфтааст: Худо ҳофиз.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар твите, ки баъдан ҳазф шуд, навишт, ки оқои Убомо барои ӯ орзуи сафаре хуш дошта ва бобати трофики сангини Ню-Йурк узрхоҳӣ кардааст.

Ин нахустин тамоси руасои ҷумҳурии Эрону Омрико дар се даҳаи гузашта аст.

Ба гуфтаи як мақоми аршади давлати Омрико, бахши умдае аз гуфтугӯйи телефунии Борок Убомо ва Ҳасани Рӯҳонӣ ба муноқишаи ҳастаии Эрон бо Ғарб ихтисос дошт, вале оқои Убомо дар бораи вазъи зиндониёни омрикоӣ дар Эрон ҳам ибрози нигаронӣ кардааст.

Вузарои хориҷаи Эрон ва Омрико низ рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи музокироти Ҷумҳурии Исломӣ ва Гурӯҳи 5+1 дар Ню-Йурк бо ҳам дидор доштанд ва барои идомаи музокироти атумӣ дар Женев дар моҳи оянда тавофуқ карданд.

Муколамаи таърихӣ

Image caption Тасвири мунташиршуда ба василаи Кохи Сафед аз лаҳзаи муколамаи Борок Убомо бо Ҳасани Рӯҳонӣ

Борок Убомо ва Ҳасани Рӯҳонӣ аршадтарин мақомҳои омрикоӣ ва эронӣ ҳастанд, ки аз замони тасарруфи сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Теҳрон ба василаи "донишҷӯёни пайрави хатти имом" бо якдигар гуфтугӯ кардаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар кунферонси матбӯъотӣ, ки субҳи ҷумъа дошт, бо истиқбол аз "тағйири лаҳни" мақомҳои ғарбӣ, бахусус раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, гуфт барномарезиҳое барои дидори ӯ ва Борок Убомо анҷом шуда буд, аммо ин дидор бо таваҷҷуҳ ба даҳаҳо таниш миёни ду кишвар печидагиҳое дошт, ки монеъ аз анҷоми он шуд.

Руасои ҷумҳурии Эрон ва Омрико сешанбе дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карданд ва бар хилофи пешбиниҳои суратгирифта ин ду бо ҳам рӯдаррӯ нашуданд.

Ба гуфтаи як мақоми омрикоӣ, тамоси телефунии руасои ҷумҳурии Эрон ва Омрико бо ибтикори амали оқои Рӯҳонӣ сурат гирифтааст.

Аммо хабаргузории Руйтерз ба нақл аз яке аз наздикони оқои Рӯҳонӣ гузориш карда, ки тамоси оқои Убомо барои раиси ҷумҳурии Эрон ғайримунтазира будааст.

Ба гуфтаи оқои Убомо, ӯ ва Ҳасани Рӯҳонӣ тавофуқ карданд, ки ба вузарои хориҷаи худ маъмурият диҳанд, то барои расидан ба як тавофуқ талош кунанд.

Оқои Убомо, ки дар Кохи Сафед суҳбат мекард, гуфт: "Дар ҳоле ки мутмаиннан мавонеъи муҳимме бар сари роҳи пешрафти (гуфтугӯҳо) вуҷуд дорад ва муваффақияти он ба ҳеч ваҷҳе тазмин нашудааст, ман бар ин боварам, ки метавонем ба як роҳи ҳалли ҷомеъ даст ёбем."

Image caption Баъзе аз нақли қавлҳои оқои Рӯҳонӣ аз ҳамтои омрикоии худ аз Твитер ҳазф шуданд

Оқои Убомо ҳамчунин гуфт: "Мо мутаваҷҷеҳи чолишҳои пеши рӯ ҳастем, ҳамин воқеъият, ки ин аввалин тамоси миёни руасои ҷумҳури Омрико ва Эрон аз соли 1979 буд, нишондиҳандаи беэътимодии амиқ миёни ду кишвар аст, аммо ҳамзамон чашмандози ҳаракат ба он сӯйи ин таърихи душворро ба мо нишон медиҳад."

Оқои Убомо таъкид кард, ки ҳалли масъалаи марбут ба барномаи атумии Эрон ҳамчунин метавонад кумаки зиёде ба боз кардани фасле тоза дар равобити ду кишвар бар асоси таъмини манофеъ ва эҳтироми мутақобил кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам дар Твитер навишта, ки ду тараф тавофуқ карданд барои ҳаллу фасли дигар мавзӯъҳо аз ҷумла масоили минтақаӣ заминасозӣ кунанд.

Диплумосии Твитер

Хабари гуфтугӯqи телефунии руасои ҷумҳурии Эрон ва Омрико пеш аз он ки ба василаи оқои Убомо эълом шавад, ба василаи оқои Рӯҳонӣ дар шабакаи иҷтимоъии Твитер мунташир шуд.

Ҳисоби корбарии оқои Рӯҳонӣ илова бар интишори бахшҳое аз гуфтугӯйи ду раиси ҷумҳур яке аз паёмҳои ҳисоби корбарии Вазорати умури хориҷаи Омрикоро мунташир (ри-твит) кард.

Ин паём ба нақл аз Ҷон Керӣ муколамаи телефунии ду раисҷумҳурро таърихӣ хонда ва бо ишора ба дидори вузарои хориҷаи Омрико ва Эрон қадамҳои аввалия дар барқарории гуфтугӯ байни ду кишварро хуб тавсиф кардааст.

Ҳамзамон, ҳисоби корбарии Кохи Сафед дар Твитер тасвири оқои Рӯҳонӣ дар ҳавопаймои озими Эронро, ки пештар ба василаи ӯ дар ин шабакаи иҷтимоъӣ мунташир шуда буд, бознашр кардааст.

Иттилоърасонӣ ба Исроил

Кохи Сафед давлати Исроилро аз муколамаи Борок Убомо ва Ҳасани Рӯҳонӣ мутталеъ кардааст.

Ба гуфтаи як мақоми омрикоӣ, ки аз ӯ ном бурда нашуда, давлати Омрико гуфтааст, ки давлати Исроил ҳақ дорад ба ваъдаҳои Эрон барои ҳаллу фасли нигарониҳои байналмилалӣ аз барномаи атумии худ бадбин бошад ва Иёлоти Муттаҳида қасд дорад Исроилро дар ҷараёни тамосҳои отии (ояндаи) худ бо Эрон бигзорад.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи душанбеи оянда дар Вошингтун бо Борок Убомо дидор мекунад.

Матолиби муртабит