Рӯҳонӣ: Ихтилофоти Эрону Омрико қобили мудирият аст

  • 25 Сентябр, 2013

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар суханронии худ дар шасту ҳаштумин нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба ҳаллу фасли парвандаи атумии Эрон ибрози хушбинӣ карда ва дар бораи равобити Омрико гуфт, ки бо дар назар гирифтани шароите аз ҷумла "азми сиёсии роҳбарон ва худдорӣ аз дунбол кардани манофеъи гурӯҳҳои фишори ҷангталаб" метавон ихтилофи ду кишварро мудирият кард.

Ин суханронӣ бомдоди рӯзи чаҳоршанбеи 25 сентбр ба вақти Теҳрон (баъд аз зуҳри сешанбеи 24 сентябр ба вақти маҳаллии Ню-Йурк) анҷом шуд.

"Суханони президент Убоморо бадиққат дунбол кардам"

Оқои Рӯҳонӣ дар суханронии худ ишора кард, ки суханони Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрикоро, ки соъоте пеш аз ӯ эрод шуда буд, "бодиққат" дунбол кардааст.

Ӯ гуфт, ки "дар сурати азми сиёсии раҳбарони Омрико ва худдорӣ аз дунбол кардани манофеъи гурӯҳҳои фишори ҷангталаб метавон ба чорчӯбе барои мудирияти ихтилофот расид. Дар ин чорчӯб мавзеъи баробар , эҳтироми мутақобил ва усули мусаллам шинохташудаи баналмилалӣ бояд мабно бошад; албатта дар ин замина интизори мо аз Вошингтун шунидани садои воҳид аст."

Оқои Рӯҳонӣ гуфт, ки "Эрон ба дунболи таъомули созанда бар асоси эҳтироми мутақобил ва манофеъи муштарак бо дигар кишварҳост ва дар ин чорчӯб дар пайи афзоиши таниш бо Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ нест."

Таъкид бар сиёсатҳои атумӣ бо рӯйкарде тоза

Оқои Рӯҳонӣ дар суханронии худ бар сиёсати тозаи Эрон мабнӣ бар ҳифзи ҳуқуқи атумии кишвараш ва рафъи нигаронии дигар кишварҳо дар бораи он таъкид кард ва гуфт "Эрон ва дигар кунишгарон бояд ду ҳадафи муштаракро ба унвони ду қисмати ғайриқобили тафкики роҳи сиёсии парвандаи ҳастаии Эрон дунбол кунанд, ки ба гуфтаи ӯ ин ду ҳадафи муштарак яке ин аст ки " барномаи ҳастаии Эрон ва ҳамаи кишварҳои дигар мебояд танҳо дар ҷиҳати аҳдофи сулҳомез бошад" ва дигар ин ки "пазириши эъмоли ғанисозӣ ва соири ҳуқуқи ҳастаӣ дар хоки Эрон танҳо роҳи таъмини ҳадафи аввал аст."

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки "силоҳи ҳастаӣ ва куштори ҷамъӣ ҳеҷ ҷойгоҳе дар дуктрини дифоъии Эрон надошта ва бо боварҳои бунёдини мазҳабӣ ва ахлоқии мо дар таъоруз аст."

Ба гуфтаи оқои Рӯҳонӣ "Эрон ба дунболи роҳи ҳалли масоил ва на тавлиди мушкилот аст. Ҳеҷ парванда ва мавзӯъе нест, ки бо умед ва эътидол, бо эҳтироми мутақобил ва бо нафйи хушунат ва ифрот қобили ҳал набошад."

Интиқод аз таҳримҳо ва такрори сиёсати тоза

Оқои Рӯҳонӣ дар суханронии худ башиддат аз вуҷуди таҳрим интиқод кард ва гуфт "милюнҳо ироқиро фаромӯш накунем, ки дар асари таҳримҳое, ки бо зарварақҳои ҳуқуқӣ дар ниҳодҳои байналмилалӣ печида шуда буданд, осеб диданд."

Ӯ бидуни ишора ба Эрон, ки зери фишори яке аз шадидтарин таҳримҳои ҷаҳонӣ аст, гуфт, ки таҳримҳо хушунатомезанд. Ҳушманд вва ғайриҳушманд ва якҷониба ва чандҷониба надорад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон ин таҳримқо ноқизи ҳуқуқи мусаллами башарӣ, аз ҷумла ҳаққи сулҳ, ҳуқуқи тавсиъа, ҳаққи дастрасӣ ба беҳдошт ва омӯзишу фаротар аз ҳама ҳаққи ҳаёт аст.

Ӯ гуфт, ки "натиҷаи таҳримҳо фақат домани қурбониёни таҳримро намегирад ва ба иқтисод ва зиндагии мардуми ҷавомеъи таҳримкунанда низ латма ворид мекунад."

Пешниҳоди "тарҳи ҷаҳон алайҳи хушунат"

Раиси ҷумҳури Эрон дар суханронии худ гуфт ки "дар ин солҳо як садои мусаллати пайдарпай шунида шудааст, ки гузинаи ҷанг рӯи миз аст, аммо имрӯз бигузоред дар баробари ин сухани нокоромад ва ғайриқонунӣ бигӯем, сулҳ дар дастрас аст"

Оқои Рӯҳонӣ сипас ба номи Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод кард, ки "дар гоми нахусти тарҳи "Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ" дар дастури кори Созмони Милали Муттаҳид қарор гирад ва ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои маданӣ талоши ҷадидеро барои савқ додани ҷаҳон ба ин сӯ сомон диҳанд."

Ӯ гуфт, ки "бояд ба ҷои гузинаи нокоромади эътилоф барои ҷанг дар манотиқи мухталифи ҷаҳон барои сулҳи пойдор дар саросари ҷаҳон андешид."

Оқои Рӯҳонӣ гуфт, ки "алорағми ҳамаи мушкилот ман амиқан ба оянда умедворам. Бо ҳамбастагии ҷаҳонӣ алайҳи хушунат ва ифрот, тардиде надорам, ки оянда рӯшан аст. Эътидол, ояндаи ҷаҳонро дурахшон хоҳад кард."

Эътидол шиъори аслии оқои Рӯҳонӣ аз замони таблиғоти интихоботӣ будааст.

Раиси ҷумҳури Эрон дар фарозҳои ибтидоии суханрониаш бардошти худро аз сохтори ҷадиди равобити байналмилал шарҳ дод ва гуфт, ки асри сиёсатварзӣ ва бозӣ бо ҳосили ҷамъи сифр ба поён расидааст.

Бозӣ бо ҳосили ҷамъи сифр дар истилоҳи равобити байналмилал ба маънии танзими равобити ду ва чандҷониба бо ҳадафи бурд барои як тараф аст.

Дар ҷараёни суханронии оқои Рӯҳонӣ ҳеҷ як аз аъзои ҳаъати исроилӣ ҳузур надоштанд, аммо алорағми ин ки мақомоти олирутбаи Омрико дар саҳни нишаст ҳузур надоштанд, гурӯҳе аз диплумотҳои Омрико дар ҳоли шунидани суханони ӯ буданд.

Оқои Рӯҳонӣ ҳам дар ҷараёни суханронии оқои Убомо дар солун ҳузур надошт, аммо Муҳаммадҷавводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва муъовинони ӯ суханронии раиси ҷумҳури Омрикоро аз дохили саҳн то поён дунбол карданд.

Оқои Рӯҳонӣ тайи рӯзҳои оянда, ки дар Ню-Йурк иқомат дорад, як суханронӣ дар иҷлоси халъи силоҳи атумӣ ва як суханронии дигар дар ҷамъи эрониёни муқими Омрико хоҳад дошт.

Ӯ рӯзи ҷумъа ба сафfри худ поён медиҳад ва озими Теҳрон мешавад, аммо вазири хориҷаи Эрон муддати бештаре барои идомаи дидорҳояш дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико хоҳад монд.

Матолиби муртабит