Таъкиди муҷаддади Рӯҳонӣ бар 'тамоюли созанда' дар оcтонаи сафар ба Омрико

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар остонаи сафараш ба Ню-Йурк, хоҳони таъомули созанда бо Омрико ва ҷаҳон шуда ва низ омодагии давлаташ барои кумак ба ҳаллу фасли буҳрони Сурия хабар додааст.
Оқои Рӯҳонӣ дар муқобилае, ки дар сутуни озоди рӯзномаи Вошингтун пуст чоп карда, навиштааст: "Мо бояд барои поён додан ба рақобатҳои носолим ва мудохилоте, ки боъиси хушунат ва ҷудоӣ мешавад, ҳамкорӣ кунем."
Раиси ҷумҳурии Эрон менависад: "Бояд фазоеро эҷод кунем, ки мардум дар минтақа битавонанд сарнавишти худро рақам бизананд."
Ӯ меафзояд: "Дар ҳамин росто, ман омодагии давлатам барои кумак ба эҷоди гуфтугӯи байни давлати Сурия ва мухолифонро эълом мекунам."
Ҳасани Рӯҳонӣ дар айни ҳол гуфтааст, ки такмили чархаи тавлиди сӯхти атумӣ ва тавлиди энержии ҳастаӣ нафақат барои Эрон аз назари дастёбӣ ба манобеъи мутанавеъи энержӣ муҳим аст, балки як масъалаи ҳувиятӣ аст ва аз назари ҳайсият ва ҷойгоҳи Эрон дар ҷаҳон низ аҳаммият дорад.
Ӯ ҳамчунин аз омодагии Эрон барои таъомули созанда ва мудаббирона барои расидан ба натоиҷи бурд-бурд дар арсаҳои мухталиф хабар додааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар зарфи чанд рӯзи оянда барои ширкат дар нишасти шасту ҳафтумин нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал ба шаҳри Ню-Йурки Омрико сафар хоҳад кард.
Ӯ пештар дар мусоҳиба ихтисосӣ бо шабакаи Эн-би-сии Омрико гуфта буд, ки барои расидан ба тавофуқ бо Ғарб дар бораи барномаи ҳастаӣ "ихтиёри комил" дорад.
Оқои Рӯҳонӣ ҳамчунин лаҳни номаи ахири Борок Убомо ба худро "мусбату созанда" тавсиф кард ва гуфт давлати ӯ ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ нахоҳад сохт.
Хабаргузории Руйтерз гузориш додааст, ки Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса, мувофиқат кардааст, ки дар Ню-Йурк бо оқои Рӯҳонӣ дидор кунад.
Аз сӯйи дигар хабаргузории Руйтерз гузориш медиҳад, ки давлати Исроил бори дигар дар мавриди Ҳасани Рӯҳонӣ ба ҷомеъаи байналмилалӣ ҳушдор додааст.
Дар баёнияи дафтари Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил омадааст: "Касе набояд фиреби ҳарфҳои фиребкоронаи раиси ҷумҳурии Эронро бихӯрад."
Ин баёния меафзояд, ки мақомҳои эронӣ расонаҳоро ба бозӣ гирифтаанд, дар ҳоле ки барномаи ғанисозии урониюми Эрон ҳамчунон идома дорад.
