Вазири умури хориҷаи Эрон Ҳулукостро 'ҷинояте фаҷеъ' ва 'наслкушӣ' хонд

  • 30 Сентябр, 2013
Image caption Оқои Зариф дар мавриди ҳалли ихтилофот бар сари барномаи атумии Эрон ибрози умедворӣ кардааст

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯ бо як шабакаи телевизиюнии омрикоӣ, воқеъаи Ҳулукостро ба унвони ҷинояте фаҷеъ ва наслкушӣ маҳкум кард ва гуфт, ки тарҷумаи истилоҳи "афсонаи Ҳулукост" ба забони инглисӣ дар суханони раҳбари Эрон "хориҷ аз матни аслӣ" сурат гирифта ва бахше аз маъно дар тарҷума аз даст рафтааст.

Оқои Зариф рӯзи якшанбеи 29 сентябр дар гуфтугӯ бо барномаи хабарии "ин ҳафта"-и шабакаи телевизиюнии Эй-бӣ-сӣ гуфт "Ҳулукост афсона нест, касе дар мавриди афсона ҳарфе намезанад" ва ҳангоме ки муҷрӣ ба истифода аз калимаи инглисии myth дар мавриди Ҳулукост тавассути раҳбари Эрон ишора ва ба вебсойти дафтари ӯ истинод кард, посух дод: "Вақте чизеро аз форсӣ ба инглисӣ тарҷума мекунед, ба қавли филми "Гумшуда дар тарҷума" мумкин аст чизеро аз даст бидиҳед, мумкин аст бахше аз маъно аз даст биравад."

Раҳбари Эрон дастикам ду бор барои эътироз ба мамнӯъияти ибрози тардид дар мавриди воқеъӣ будани Ҳулукост дар кишварҳои ғарбӣ аз истилоҳи "афсонаи Ҳ)улукост" истифода кардааст.

Оқои Зариф гуфт, ки Эрон куштори мардуми бегуноҳро маҳкум мекунад, "чи дар Олмони нозӣ иитифоқ афтода бошад, чи дар Фаластин"

Ӯ бо интиқоди шадид аз Исроил гуфт, ки Ҳулукост набояд тавҷеҳе бошад барои "поймол кардани ҳуқуқи мардуми Фаластин ба муддати шаст сол."

Изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон дар мавриди ҳулукост ва тардид дар мавриди абъоди куштори яҳудиён дар ҷараёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, ҷанҷоли бузурге ба вуҷуд омад ва солҳо тавассути давлатмардони исроилӣ, аз ҷумла Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири ин кишвар ба унвони омиле барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба кор рафт.

Аммо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон ва аъзои давлати ӯ забон ва лаҳне коилан мутафовит аз оқои Аҳмадинажод ба кор мебарад ва бавижа дар рӯзҳои ахир қадамҳои баланде дар ҷиҳати беҳбуди равобит бо Ғарбро бардоштаанд.

Оқои Нетонёҳу талошҳои диплумотики ахири Эронро "ҳамла бо лабханд" хонда ва онро ғайрисодиқона донистааст.

Оқои Зариф дар гуфтугӯи худ бо шабакаи Эй-би-сӣ ба ин суханони оқои Нетонёҳу гуфтааст: "Ҳамла бо лабханд аз ҳамла бо дурӯғ беҳтар аст... Оқои Нетонёҳу ва ҳаммкоронаш аз соли 1991 доранд мегӯянд, ки Эрон танҳо шаш моҳ бо дастёбӣ ба бумби атумӣ фосила дорад. 22 сол аз он замон гузашта ва онҳо ҳанӯз мегӯянд, ки мо шаш моҳи дигар то расидан ба бумби атумӣ фосила дорем."

Ӯ таъкид кард, ки Эрон қасди сохти силоҳи атумӣ надорад ва изҳори умедворӣ кард, ки беэътимодӣ миёни Эрон ва Омрико батадриҷ ва аз ҷумла аз тариқи ҳаллу фасли ихтилофот бар сари барномаи атумии Эрон аз миён биравад.

Оқои Зариф дар айни ҳол таъкид кард, ки ҳаққи ғанисозии урониюм дар Эрон қобили гуфтугӯ нест.

Матолиби муртабит