Ҷон Керрӣ: Ҳалли сареъи масъалаи ҳастаии Эрон имконпазир аст

  • 30 Сентябр, 2013
Image caption Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ҳалли сареъи масъалаи ҳастаии Эронро мумкин медонад

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, мегӯяд расидан ба тавофуқ бар сари масъалаи ҳастаии Эрон дар муддати се то шаш моҳе, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, хостори он шуда, имконпазир аст, аммо таъкид кард то замоне ки Эрон дарҳои таъсисоти ҳастаиашро ба рӯи бозрасон боз накунад, таҳримҳо лағв нахоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Омрико бо афзоиши талошҳои диплумотик метавон "ҳатто зудтар аз ин замон ҳам ба тавофуқ расид ва ин бастагӣ дорад, ки Эрон то чи ҳад омодаи садоқат ва шаффофият аст."

Ҷон Керрӣ, ки дар барномаи телевизиюнии "60 дақиқа"-и шабакаи CBS ҳузур пайдо карда буд, гуфт: "Агар барномаи ҳастаии Эрон сулҳомез бошад, ҳамаи мо мутаваҷеҳ хоҳем шуд, тамоми дунё мутаваҷеҳ хоҳад шуд ва равобити Эрон ва Омрико беҳбуди қобили мулоҳизае пайдо хоҳад кард ва ин тағйир метавонад басуръат иттифоқ биафтад."

Суҳбатҳои Ҷон Керрӣ дар ҳоле матраҳ мешуд, ки ду рӯз пеш аз он Борок Убомо ва Ҳасани Рӯҳонӣ руасои ҷумҳурии Омрико ва Эрон талаққӣ гуфтугӯ карда буданд.

Ин болотарин сатҳи равобити сиёсии ду кишвар дар се даҳаи гузашта аст ва умеди зиёдеро барои ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон ва тағйири сиёсатҳои ду кишвар дар қиболи якдигар ба вуҷуд овардааст.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ барои ҳалли масъалаи ҳастаӣ Эрон бояд бо боз кардани фаврии дарҳои таъсисоти атумии худ ба рӯйи бозрасони Ожонси Энержии Атумӣ ва таваққуфи ғанисозӣ бо дараҷаи болои садоқати худро нишон диҳад.

Эрон ҳамвора бар ҳаққи худ барои истифода аз энержии ҳастаӣ барои тавлиди энержӣ ва масорифи пизишкӣ таъкид карда ва борҳо эълом карда қасди тавлиди силоҳи ҳастаӣ надорад, аммо Омрико ва муттаҳидони ғарбиаш аз Эрон мехоҳанд ғанисозиро фақат дар ғилзатҳои кам анҷом диҳад, то урониюми тавлидшуда барои бумби атумӣ муносиб набошад.

Вазири умури хориҷаи Омрико гуфт: "Эрон бояд қадамҳои сареъ, шаффоф ва мутақоъидкунандае бардорад, то хостаҳои ҷомеъаи байналмилалиро дар бораи барномаи ҳастаиаш бароварда кунад."

"Ҳарф наметавонад ҷои амалро бигирад, мо ба иқдомоте ниёз дорем, ки ба мо, муттаҳидонамон ва дӯстонамон дар минтақа собит кунад ниёзе нест нигарони барномаи ҳастаии Эрон бошем."

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷавод Зариф дар гуфтугӯ бо барномаи "Ин ҳафта"-и шабкаи телевизиюнии ABC гуфт ҳаққи Эрон дар истифода аз энержии ҳастаӣ қобили музокира нест ва Эрон ҳеч гоҳ урониюмро дар ҳадде ки барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ муносиб бошад, ғанӣ накардааст.

Вазири хориҷаи Эрон гуфт кишвараш омода аст дарҳои таъсисоти ҳастаии худро ба рӯйи бозрасон боз кунад, то собит кунад ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест; дар сурате, ки Омрико ба таҳримҳои сангини иқтисодӣ алайҳи ин кишвар поён диҳад.

"Мо ниёзе ба урониюм барои масорифи низомӣ надорем. Дар ин мавзӯъ тардиде нест ва мо дар он ҷиҳати ҳаракат намекунем."

"Эрон бидуни силоҳи ҳастаӣ фақат ҳадафи шумо нест, балки ҳадаф ва авлавияти аслии худи мост."

"Агар Омрико ҳозир бошад ҳаққи Эронро ба расмият бишносад ва ба он эҳтиром бигузорад, дар ин сурат фурсати бисёр муносибе (барои тавофуқ) вуҷуд хоҳад дошт."

Мо моил ба музокира ҳастем. Омрико ҳам бояд басуръат иқодм кунад, аз ҷумла ин ки таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Эронро лағв кунад."

Аммо Ҷон Керрӣ дар мусоҳибаи телевизиюнии худ таъкид кард таҳримҳо дар сурате лағв хоҳанд шуд, ки дар мавриди сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон яқин ҳоисл шуда бошад: "Мо то замоне ки равияе шаффоф, қобили исбот ва посухгӯ дар ҷараён набошад, ки дақиқан бидонем Эрон бо барномаи ҳастаиаш чи мекунад, таҳримҳоро лағв нахоҳем кард."

Матолиби муртабит