'Ҳафдаҳ узви Толибон дар амалиёте дар шимоли Афғонистон кушта шуданд'

Ба гуфтаи манобеъи давлатии Афғонистон дар амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Бағлон, дар шимоли Афғонистон, ҳафтаҳ узви гурӯҳи Толибон кушта шуда ва 5 нафари дигари онҳо захмӣ шудаанд.
Пулиси вилояти Бағлон гуфтааст, ки ин амалиёт бо мушорикати воҳидҳои пулис, артиши амнияти миллӣ барои бозгардондани амният дар вулусволии Бағлони Марказӣ созмондиҳӣ шуда буд.
Ҷовид Башорат, сухангӯйи фармондеҳии пулиси вилояти Бағлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз ин рӯйдод аҷсоди ҳафдаҳ толиб дар минтақаи Замонхейл ба ҷо монда ва нерӯҳои амниятӣ талош доранд, ки ҳувияти ононро ташхис кунанд.
Оқои Башорат гуфтааст, ки кушташудагон шомили узви аршади гурӯҳи Толибон барои вулусволии Бағлони Марказӣ ва ҳамчунин панҷ нафар аз фармондеҳони маҳаллии гурӯҳи Толибон ҳастанд
Ӯ афзуд, ки дар ин амалиёт 9 мухолифи мусаллаҳи давлат ҳам дастгир шудаанд, ки ба гуфтаи ӯ аъзои гурӯҳи Толибон ҳастанд, аммо эҳтимол дорад, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ ҳам дар миёни онон бошанд.
Вазорати кишвар ҳам бо пахши хабарномае гуфтааст, ки кушташудагон дар бештари ноамниҳо даст дошта ва тасмим доштаанд, ки як силсила ҳамалоти интиҳорӣ ва инфиҷориро дар нуқоти Бағлон созмондиҳӣ кунанд.
Гурӯҳи Толибон ҳам дар тамос бо расонаҳои маҳаллӣ аз даргирӣ бо нерӯҳои амниятии афғон дар вулусволии Бағлони Марказӣ хабар додаанд.
Дар паёмаки гурӯҳи Толибон, ки ба хабарнигорони маҳаллӣ фиристода шуда, омадааст, ки нафароти Толибон дар даргирии рӯдарӯ бо нерӯҳои амниятии афғон се пулисро кушта ва чаҳор нафари дигарро захмӣ ва як воситаи пулисро ҳам тахриб кардаанд.
Вилояти Бағлон аз нуқоти ноамн дар шимоли Афғонистон аст, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар бахшҳое аз он фаъъолият доранд
