Баста шудани ҷодаи интиқоли колоҳои НОТУ ба Афғонистон дар Покистон
Фаъъолони покистонӣ ба манзури эътироз алайҳи ҳамалоти афзояндаи паҳподҳои (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) омрикоӣ ҷодаеро, ки роҳи аслӣ барои интиқоли бори НОТУ ба Афғонистон аст, бастанд.
Ин корзор ба ибтикори Имрон Хон, сиёсатмадори мухолиф сурат гирифтааст, ки эълом карда, ин корзор то замоне идома хоҳад дошт, ки ҳамалоти паҳподҳо дар шимолу шарқи Покистон поён наёбанд.
Ба гуфтаи ин мухолиф дар натиҷаи ҳамалоти паҳподҳо сокинони ғайринизомии кишвар кушта шуда ва умед барои музокироти сулҳ бо Толибон бар бод меравад.
Рӯзи 2-юми ноябр дар асари ҳамалоти паҳподҳо дар Вазиристони Шимолӣ Ҳикматулло Меҳсуд, раҳбари Толибони Покистон кушта шуд. Ӯ чанде қабл аз кушта шуданаш, барои музокира бо мақомот ибрози омодагӣ карда буд.
