Таҳдиди Имрон Хон ба бастани роҳи тадорукотии НОТУ аз Покистон

Имрон Хон, раҳбари ҳизби Таҳрики инсофи Покистон таҳдид кардааст, дар сурате, ки Омрико ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро дар моҳи ҷорӣ мутаваққиф накунад, роҳи тадорукотии НОТУро аз масири Покистон масдуд хоҳад кард.
Оқои Хон дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ Омрикоро муттаҳам карда, ки таъаммудан бо куштани Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, раҳбари Толибони Покистон ба талошҳои сулҳ ва раванди музокира бо Толибони Покистон латма задааст.
Вай гуфтааст, агар Омрико то 20 ноябр, яъне ҳудуди ду ҳафтаи дигар, ҳамалоти паҳбодро мутаваққиф накунад, дар иёлати Хайбар Пахтунхо тазоҳуроти умумиро бо ҳадафи таваққуфи масири тадорукотии НОТУ барпо хоҳад кард.
Ҳизби оқои Имрон Хон, раҳбарии давлати эътилофиро дар иёлати хайбари Пахтунхо, ки наздик ба марз бо Афғонистон аст, бар уҳда дорад.
Гузаргоҳи Хайбар дар ин иёлат масири аслии корвонҳои тадорукотии НОТУ аст.
Пештар ва дар эътироз ба кушта шудани 24 сарбози покистонӣ дар минтақаи "Сулола" аз суи Омрико, Покистон ба муддати чанд моҳ ҳаракати корвонҳои НОТУро мутаваққиф кард.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки нерӯҳои омрикоӣ қарор аст дар авосити соли ояндаи милодӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд, ин масир барои Омрико аҳамияти зиёде дорад.
Масири Покистон дар муқоиса бо дигар роҳҳо ҳамчун масири ҳавоӣ ё масири шимол, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна мегузарад, бисёр кутоҳтар ва мақрун ба сарфа аст.
Кушта шудани раҳбари Толибони Покистон
Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, раҳбари толибони Покистон, рӯзи ҷумъа (аввали ноябр) ва ба дунболи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини омрикоӣ дар минтақаи қабоилии Вазиристони Шимолӣ дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шуд.
Ӯ нафари аввал дар феҳристи афроди таҳти таъқиби пулиси федероли Омрико (FBI) буд ва Иёлоти Муттаҳида барои иттилооте, ки ба дастгирии ӯ кумак кунад, панҷ миллиюн дулор ҷоиза таъин карда буд.
Покистон аз кушта шудани оқои Меҳсуд ибрози норизоятӣ кардааст.
Кушта шудани ӯ замоне сурат гирифт, ки қарор буд ҳайате аз давлати Покистон барои музокира бо ӯ ё намояндагонаш ба минтақаи қабоилии ин кишвар сафар кунад.
Вазорати умури хориҷаи Покистон кушта шудани раҳбари Толибонро садама ба музокироти сулҳ унвон кард ва сафири Омрико дар ин кишварро барои адои тавзеҳ фаро хонд.
Чаудрӣ Нисоралӣ Хон, вазири кишвари Покистон низ гуфт, ки марги Ҳакимуллоҳ Меҳсуд талошҳои давлат барои гуфтугӯи сулҳ бо пайкорҷӯёни Толибонро аз байн бурдааст.
Пештар ва дар моҳи сентябр аҳзоби мухталифи Покистон дар ҷаласае бар анҷоми музокирот бо Толибон ба иҷмоъ расида буданд.
Ба дунболи ин ҷаласа оқои Меҳсуд ҳудуди як моҳи пеш аз кушта шуданаш дар мусоҳибае нодир бо Би-би-сӣ гуфт, ки омодаи анҷоми музокирот аст.
Вокуниши Афғонистон
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон низ дар вокуниш ба кушта шудани раҳбари Толибони Покистон таъкид кард, ки ҳамла бар Ҳакимуллоҳ Меҳсуд дар замони номуносибе сурат гирифтааст.
Оқои Карзай дар дидор бо як ҳайати Маҷлиси намояндагони Омрико гуфт, ки умедвор аст кушта шудани оқои Меҳсуд ба талошҳои сулҳ дар Покистон садама ворид накунад.
Бано ба эълони раёсати ҷумҳурии Афғонистон оқои Карзай ба ҳайате аз аъзои Маҷлиси намояндагони Омрико гуфт, ки дар дидораш бо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар Ландан суҳбатҳои муфиде дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон анҷом дод ва умедвор аст кушта шудани Ҳакимуллоҳ Меҳсуд" фазои ҳамкорӣ барои муваффақияти раванди сулҳ дар Афғонистон ва Покистонро хадашадор накунад" .
