Фармондеҳи ҷадиди артиши Покистон интихоб шуд

Манобеъи низомӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки сипаҳбад Роҳил Шариф ба унвони фармондеҳи ҷадиди артиши Покистон интихоб шудааст.
Сипаҳбад Шариф ҷонишини женерол Парвиз Ашфақ Каёнӣ мешавад, ки фардо (панҷшанбе 27 ноябр) бознишаста мешавад. Ӯ дар ҳоли ҳозир бозраси кулли артиш дар умури омӯзиш ва арзёбӣ аст.
Женерол Каёнӣ чаҳордаҳумини фармондеҳи артиши Покистон буд, ки ҷонишини женерол Парвиз Мушарраф шуд.
Давлати Покистон ҳамчунин сипаҳбад Рошид Маҳмудро ба унвони фармондеҳи ситоди муштараки артиш таъин кардааст.
Артиши Покистон ҳамвора нақши муҳиме дар арсаи сиёсии ин кишвар ифо кардааст.
Артиши Покистон дар ҳоли ҳозир дар ҳоли набард бо Толибон дар манотиқе аз кишвар аст.
