Судури қарори васиқа барои Парвиз Мушарраф дар парвандаи Масҷиди Сурх

Додгоҳе дар Исломобод барои Парвиз Мушарраф раиси ҷумҳурии собиқи Покистон бар сари парвандаи ҳамла ба Масҷиди Сурхи Исломобод қарори васиқа содир кардааст.
Оқои Мушарраф авоили моҳи гузаштаи милодӣ дар робита бо ин парванда боздошт шуд.
Дар ин ҳамла, ки дар соли 2007 ва ба дастури женерол Мушарраф сурат гирифт, беш аз сад нафар кушта шуданд.
Оқои Мушарраф ба далоили амниятӣ дар вилои худ дар ҳумаи Исломобод нигаҳдорӣ мешавад.
Бо эъломи ин қарори замонат дар парвандаи Масҷиди Сурх акнун оқои Мушарраф дар ҳамаи иттиҳомоте, ки ба ӯ ворид шудааст, қарори васиқа дорад.
Барои оқои Мушарраф дар се парвандаи аслии дигар, яъне кушта шудани Беназир Буту, кушта шудани Акбархон Бугтӣ, аз раҳбарони балуч ва боздошти қуззот дар соли 2007 қарори васиқа содир шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин таҳаввулот эҳтимол меравад ки оқои Мушарраф аз ҳабси хонагӣ озод шавад, аммо номи ӯ ҳанӯз дар феҳристи мамнуъулхуруҷҳост ва бар асоси қонун ҳануз наметавонад аз кишвар хориҷ шавад.
Раиси ҷумҳурии собиқи Покистон мегӯяд тамоми иттиҳомоти матраҳ алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ пайгирӣ мешаванд.
Оқои Мушарраф дар баҳори имсол, замоне ки барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ба кишвар баргашт, ба далели маҷмуъае аз иттиҳомоти марбут ба даврони зимомдориаш дар ҳабс ба сар мебарад.
Женерол Парвиз Мушарраф дар соли 1999 баъд аз кудето алайҳи Навоз Шариф, нахуствазири вақт ба қудрат расид.
Ҳизби Навоз Шариф дар интихоботи ахири Покистон пирӯз шуд.
