Парвиз Мушарраф дубора боздошт шуд

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии собиқи Покистон, бар сари парвандаи ҳамла ба масҷиди Сурхи Исломобод дар соли 2007 боздошт шуд.
Дар ин ҳамла, ки ба дастури женерол Мушарраф сурат гирифта буд, беш аз сад нафар кушта шуданд.
Оқои Мушарраф пеш аз ин боздошт ба иттиҳоме дигар дар ҳабси хонагӣ буд, аммо бо фосилаи каме аз боздошташ, роҳи озодиаш бо қарори васиқа ҳамвор шуда буд.
Раиси ҷумҳури собиқи Покистон мегӯяд тамоми иттиҳомоти матраҳ алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ пайгирӣ мешаванд.
Ризо Бухорӣ, сухангӯйи оқои Мушарраф, рӯзи панҷшанбе гуфт: "Мо мутмаинем, ки ҳақиқат пирӯз мешавад ва тамоми ин иттиҳомоти дурӯғин ва ҷаълӣ алайҳи раиси ҷумҳурии соибқ бепояву асосанд."
Оқои Мушарраф ба иттиҳоми қатли Беназир Буту, нахуствазири собиқи Покистон ва як раҳбари балучи ин кишвар муҳокимоте дар пеш дорад, аммо дар ҳар ду парванда бо қарори васиқа озод шудааст.
Як иттиҳоми дигари оқои Мушарраф талош барои барканории қуззоти аршади кишвар дар соли 2007 аст.
Давлати феълии Покистон эълом кардааст оқои Мушаррафро ба иттиҳоми хиёнат муҳокима хоҳад кард.
Ҳасри хонагӣ
Ба назар мерасад боздошти рӯзи панҷшанбе ба марги Абдуррашид Қозӣ, як рӯҳонии тундрав, дар ҳамла ба масҷиди Сурх ҳангоми юриши сарбозони давлат муртабит бошад.
Хабаргузории Фаронса ба нақл аз Муҳаммад Ризвон, яке аз афсарони аршади пулис хабар дода, оқои Мушарраф фардо ба додгоҳ хоҳад рафт.
Оқои Мушарраф аз баҳори имсол, замоне ки барои ширкат дар интихобот ба кишвар баргашт, ба далели маҷмуъае аз иттиҳомоти марбут ба зимомдориаш дар дасти маъмурон будаааст.
Парвиз Мушарраф дар соли 1999 баъд аз кудетое хунин алайҳи Навоз Шариф, нахуствазири вақт, ба қудрат расид.
Ҳизби Навоз Шариф дар интихоботи ахири Покистон пирӯз шуд.
