Парвиз Мушарраф аз ҳабси хонагӣ озод шуд

  • 7 Ноябр, 2013
Парвиз Мушарраф
Image caption Раиси ҷумҳурии собиқ Покистон мегӯяд тамоми иттиҳомоти матраҳ алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ пайгирӣ мешаванд

Мақомоти қазоӣ дар Покистон мегӯянд, ки Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар аз ҳабси хонагӣ озод шудааст.

Озодии оқои Мушарраф пас аз он қатъӣ шуд, ки чанд рӯз пеш додгоҳе дар Исломобод барои вай бар сари парвандаи ҳамла ба Масҷиди Сурхи Исломобод қарори васиқа содир кард.

Оқои Мушарраф авоили моҳи гузаштаи мелодӣ дар робита бо ин парванда боздошт шуд. Дар ин ҳамла ки дар соли 2007 ва ба дастури женерол Мушарраф сурат гирифт, беш аз сад нафар кушта шуданд.

Оқои Мушарраф ба далоили амниятӣ дар вилои худ дар ҳумаи Исломобод дар ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Мушаххас нест, ки оё оқои Мушарраф ба далоили амниятӣ акнун ки озод шуда аст, битавонад аз вилои худ хориҷ шавад.

Бо эъломи ин қарори замонат дар парвандаи Масҷиди Сурх оқои Мушарраф дар ҳамаи иттиҳомоте, ки ба ӯ ворид шуда буд, қарори васиқа дорад.

Барои оқои Мушарраф дар се парвандаи аслии дигар яъне кушта шудани Беназир Буту, кушта шудани Акбархон Бугтӣ, аз раҳбарони балуч ва боздошти қуззот дар соли 2008 қарори васиқа содир шуда буд.

Аммо алорағми озодии ӯ аз ҳабси хонагӣ номи оқои Мушарраф ҳанӯз дар феҳристи мамнуъулхуруҷҳост ва бар асоси қонун наметавонад аз кишвар хориҷ шавад.

Раиси ҷумҳурии собиқи Покистон мегӯяд тамоми иттиҳомоти матраҳ алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ пайгирӣ мешаванд.

Оқои Мушарраф дар баҳори имсол, замоне ки барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ба кишвар баргашт, ба далели маҷмуъае аз иттиҳомоти марбут ба даврони зимомдориаш дар ҳабс ба сар мебарад.

Женерол Парвиз Мушарраф дар соли 1999 баъд аз кудето алайҳи Навоз Шариф, нахуствазири вақт ба қудрат расид.

Ҳизби Навоз Шариф да интихоботи ахири Покистон пирӯз шуд.

Матолиби муртабит