Ҳамлаи интиҳорӣ ба яке аз марокизи артиш дар Ровалпиндӣ дар Покистон

  • 20 Январ, 2014
сарбозони покистонӣImage copyrightr
Image caption Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст

Ба гуфтаи пулиси Покистон дар ҷараёни ҳамлаи як бумбгузори интиҳорӣ ба яке аз марокизи артиш дар шаҳри Ровалпиндӣ, дастикам 14 нафар кушта шуданд.

Яке аз мақомоти аршади пулис ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар миёни кушташудагон 8 ғайринизомӣ дида мешавад.

Ин инфиҷор дар ҳоле иттифоқ афтод, ки гурӯҳе аз сарбозон дар ҳоли убур аз минтақае наздик ба як бозор буданд.

Раиси пулиси шаҳри Ровалпиндӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки ҳамлаи имрӯз дар минтақае сурат гирифта, ки таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор доштааст.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта, ки рӯзи гузашта дар ҷараёни инфиҷори бумбе дар масири як корвони низомӣ дар шимоли ғарби Покистон дастикам 20 сарбоз кушта ва шуморе дигар маҷруҳ шуданд.

Толибони Покистон масъулияти ҳар ду ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Ҳамалоти ахир ҳокӣ аз шиддат гирифтани хушунатҳо дар Покистон аст.

Ба гуфтаи хабарнигорон ин ҳамалот нигарониҳо дар мавриди истротежии давлат дар бархурд бо пайкорҷӯёнро афзоиш додааст.

Матолиби муртабит