Ҳамлаи "паҳподи омрикоӣ" ба мадрасаи динӣ дар Покистон талафоте бар ҷой гузошт

Ҳамлаи як паҳбоди Омрикоӣ ба як мадрасаи динӣ дар шимоли Покистони талафоте бар ҷой гузоштааст.
Рӯзи панҷшанбе, 30 обон (21 ноябр), як манбаъи амниятии Покистон эълом кард, ки як мадрасаи динӣ дар иёлати Хайбар Пахтунхо (иёлати собиқи Сарҳади шимоли ғарбӣ) дар шимоли Покистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст, ки дар натиҷаи он дастикам ҳашт нафар кушта ва шуморе захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи манобеъи покистонӣ дар ин ҳамла ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоиӣ дастикам се фарванд мушаки ҳаво ба заминро ба суи ин мадраса партоб карданд.
Ин мадрасаи динӣ дар наздикии шаҳри Ҳангу воқеъ шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи амниятии Покистон мадрасаи динии мавриди ҳамла бо шабакаи Ҳаққонӣ, як гурӯҳи исломгарои мусаллаҳи муттаҳиди Толибони покистонӣ, иртибот доштааст ва гуфта мешавад, ки теъдоде аз аъзои аршади Толибон аз ҷумлаи талафоти ин ҳамла будаанд.
Шабакаи Ҳаққонӣ яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳе аст, ки дар дохили хоки Афғонистон фаъолият дорад ва дар гузашта масъулияти иҷрои як ришта амалиёти печида алайҳи марокизи омрикоӣ ва ғарбӣ дар шаҳрҳои Афғонистонро бар уҳда гирифтааст.
Ин нахустин ҳамлаи паҳбодҳои Омрикоӣ ба ҳадафҳое дар дохили хоки Покистон аз замони кушта шудани Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, раҳбари Толибони покистонӣ дар авоили моҳи ҷории мелодӣ аст.
Кушта шудани Меҳсуд кӯтоҳмуддате қабл аз баргузории музокироти байни Толибон ва давлати Покистон сурат гирифт ва аз суи мақомоти покистонӣ ба шиддат маҳкум шуд.
Рӯзи чаҳоршанбе давлати Покистон эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида итминон додааст дар тӯли гуфтугӯи давлат ва Толибон ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини худро мутаваққиф кунад.
Амалиёти рӯзи панҷшанбе танҳои дувумин маврид аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ ба ҳадафе дар хориҷ аз манотиқи қабиланишини Покистон маҳсуб мешавад.
Амалиёти паҳподҳои омрикоӣ дар соли 2004 оғоз шуд, аммо ҳадафи ҳамалоти ҳавоии онҳо маъмулан нуқоте дар манотиқи қабиланишин буда ва танҳо дар соли 2008 нуқтае дар иёлати Хайбар Пахтунхо ҳадафи чунин ҳамлае қарор гирифт.
Бар хилофи манотиқи қабиланишин, ки тарокуми ҷамъияти андаке дорад, иёлати Хайбар Пахтунхо аз манотиқи пурҷамъияттар ва пешрафтатари Покистон маҳсуб мешавад ва дар натиҷа ҳамла ба ҳадафҳое дар ин иёлат вокуниши густардатареро дар Покистон дар пай дорад.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс ба нақл аз як манбаъи пулиси маҳаллӣ гуфтааст, ки муфтӣ Ҳамидуллоҳ ва муфтӣ Аҳмадҷон аз аъзои шабакаи Ҳаққонӣ аз ҷумлаи кушташудагони ин ҳамла будаанд.
Аз назари Покистон амалиёти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Омрикоӣ мутаъаллиқ ба Созмони марказии иттилоъоти Омрико (СИО) ба манзалаи таҷовуз ба ҳаққи ҳокимияти Покистон аст ва мавзуъи муҷодилабарангез байни ду тараф будааст.
Дар гузашта гурӯҳҳои сиёсии Покистон ба хусус исломгароҳо алайҳи ин гуна амалиёт тазоҳуроте барпо кардаанд.
