Созмонҳои ҳуқуқибашарӣ амалиёти паҳподҳои омрикоиро маҳкум карданд

  • 22 Октябр, 2013

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар амалиёти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ дар хориҷ аз марзҳои он кишварро мавриди интиқоди шадид қарор додаанд.

Рӯзи сешанбеи 22 октябр гузоришҳои Афви Байналмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар, аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, дар мавриди ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ ба мазнунони иқдомоти теруристӣ ва марокизи таҷаммуъи онон дар Покистон ва Яман мунташир шуд, ки дар он ин амалиёт аз назари мавозини ҳуқуқи башар мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

Ба гузориши Афви Байналмилал, ки ба унвони "Оё ман нафари баъдӣ хоҳам буд? Ҳамалоти паҳподҳои омрикоӣ дар Покистон" мунташир шуда, нуҳ маврид аз чиҳилу панҷ мавриди ҳамлаи паҳподҳои омрикоӣ дар минтақаи Вазиристони Шимолии Покистон байни январи соли 2012 ва июли соли 2013 баррасӣ шудааст ва ин созмон бахусус натоиҷи ин ҳамалотро дар ду маврид нигаронкунанда донистааст.

Мавриди аввал ба ҳодисае дар октябри соли 2012 иртибот дорад, ки дар ҷараёни он як зани 68-солаи покистонӣ ҳангоми кор дар мазраъаи хонаводагӣ дар асари исобати мушаки партобшуда тавассути як паҳподи омрикоӣ ҷони худро аз даст дод. Мавриди дувум дар авохири ҳамон рӯз ба вуқӯъ пайваст ва ҳаждаҳ коргари покистонӣ ҳангоми сарфи ғизо дар маҳалле дар наздикии марзи Покистон бо Афғонистон ҳадафи ҳамлаи паҳподҳои омрикоӣ қарор гирифтанд ва ҷони худро аз даст доданд.

Афви Байналмилал дар таҳияи ин гузориш ба мусоҳиба бо шоҳидони айнӣ дар маҳалли ҳамла пардохта ва навиштааст, ки агарчи дар мавориде ин маҳалҳо аз марокизи таҷаммуъи шибҳинизомиёни Толибон буд, аммо мусоҳибашавандагон гуфтаанд, ки қурбониёни ин ҳамалот аз аъзои Толибон набудаанд ва як сухангӯйи Афви Байналмилал гуфта, ки "ҳеч далел барои тавҷеҳи ин қатлҳо ёфт нашудааст."

Сухангӯйи Афви Байналмилал афзудааст: "Агарчи қобили қабул аст, ки авомиле дар ин минтақа таҳдидҳое ҷиддиро мутаваҷҷеҳи Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонони он кишвар мекунанд, аммо душвор битавон пазируфт, ки гурӯҳе коргари сода ё як зани солманд хатареро мутаваҷеҳи касе карда бошанд ва қатъан наметавон ононро таҳдиде қарибулвуқӯъ алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико талаққӣ кард."