Толибони Покистон 20 сарбозро дар инфиҷори як корвони низомӣ кушт
Image copyrightAPМақомоти Покистон гуфтаанд, ки ҳади ақал бист сарбози он кишвар дар асари инфиҷори бумб дар шимоли ғарби Покистон кушта шудаанд.
Ин бумб, ки ҳангоми гузари як корвони низомӣ дар наздикии шаҳри Бану мунфаҷир шуд, ҳадиақал 24 сарбози дигарро маҷруҳ кард.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки мумкин аст теъдоди талафоти ин бумбгузорӣ афзоиш ёбад.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда як бумбгузори интиҳорӣ масъули ин инфиҷор будааст.
Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифтааст ва гуфта, ки ҳамалоти худро алайҳи нерӯҳои амниятии ҳукумати "ғайридинӣ" афзоиш хоҳад дод.
Шаҳидуллоҳ Шаҳид, сухангӯи Толибони Покистон гуфт: "Артиш душмани мост. Мо ҳамалоти инчунинии бештаре ҳам анҷом хоҳем дод."
Як мақоми амниятӣ имрӯз (якшанбе) ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки корвони низомии ҳадаф қароргирифта бузург будааст ва нигаронии давлат аз марг ва ҷароҳати "даҳҳо" сарбоз аст.
Инфиҷор дар ҳоле рух дод, ки корвони низомиён дар ҳоли хуруҷ аз шаҳри Бану дар иёлати Хайбар Пахтунхо буд. Мақсади сарбозон минтақаи ноамни Вазиристони Шимолӣ будааст.
Ҳафтаи гузашта низ як мақоми аршади пулис, ки алайҳи шӯришиён фаъол буд, дар асари инфиҷори бумб дар шаҳри Карочӣ кушта шуд.
