Кушта шудани раиси амалиёти зидитерурристии Карочӣ дар инфиҷори бумб

Бар асари инфиҷори бумб дар Карочӣ дар ҷануби Покистон як афсари баландпояи пулис кушта шудааст.
Чоудрӣ Аслам Хон, раиси идораи амалиёти зидитерурисми Карочӣ, ки ба мубориза бо ситезаҷӯёни Толибон шуҳрат дорад, ба ҳамроҳи 3 нафари дигар бар асари ин ҳодиса ҷони худро аз даст додааст.
Ин инфиҷор дар минтақаи "Иссо Нагрӣ"-и бандари Карочӣ рух додааст.
Толибони Покистон билофосила пас аз ин ҳамла масъулияти онро бар уҳда гирифтааст.
Пештар низ чандин бор ба ҷони оқои Хон суиқасд шуда буд. Дар соли 2011 як утумубили пур аз маводи мунфаҷира дар муқобили манзили ӯ мунфаҷир шуд, ки ба марги 8 нафар анҷомид, аммо оқои Хон аз он ҳодиса ҷон бадар бурда буд.
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар суханоне зимни маҳкум кардани ин ҳамла аз хадамоти оқои Хон ситоиш кард.
Ба гуфтаи расонаҳои Покистон оқои Шариф гуфтааст: "Мо иҷоза нахоҳем дод, ки азми миллат бо чунин амалиёти буздилона аз суи терруристоҳо зери по гузошта шавад."
Пештар низ нерӯҳои аршади амниятии Покистон дар ин шаҳр қурбонии ҳамалоти мушобеҳ шудаанд.
