Ҳамлаи ҳавоии артиши Покистон ба мавозеъи Толибон
Image copyrightAPPБа гуфтаи артиши Покистон ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар мавозеъи Толибон дар шимоли Вазиристон воқеъ дар муҷовирати марзи Афғонистонро бумборон кардаанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки дар пайи ҳамалоти ахир ба нерӯҳои амниятии Покистон мақомоти ин кишвар таҳти фишор қарор гирифтаанд, то дар мавриди таҳдидоти Толибон иқдом кунанд.
Се рӯз пеш дар асари инфиҷори бумбе дар масири як корвони низомӣ дар шимоли ғарби Покистон дастикам 20 сарбоз кушта ва шуморе дигар маҷруҳ шуданд.
Дар пайи ин бумборон нигаронии мардум аз бобати ҳамалоти талофиҷӯёнаи Толибон афзоиш пайдо кардааст.
Дар ҳамин ҳол афроди мусаллаҳ дар шаҳри Карочӣ се нафар минҷумла ду мададгори пизишкиро ба зарби гулӯла аз пой дароварданд.
Пайкорҷӯёни Толибон ба рӯйи ин мададгорон, ки саргарми воксиносиюни фалаҷи атфол буданд, оташ гушуданд ва ду нафар аз онҳоро куштанд.
Давлати Покистон дар пайи решакан кардани фалаҷи атфол аст ва мададгорони пизишкӣ хона ба хона барномаи воксиносиюнро пайгирӣ мекунанд.
Толибон изъон дошта, ки қаблан ҳам ба мададгорони пизишкӣ ҳамла карда ва мегӯяд, ки ҷомеъаи байналмилалӣ аз воксиносиюн барои пинҳон кардани амалиёти ҷосусии худ истифода мекунад.
Толибон ҳамчунин гуфта, ки воксиносиюн мумкин аст боъиси ақим шудани писарон шавад.
Покистон яке аз маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки дар он бемории фалаҷи атфол рӯ ба афзоиш гузоштааст.
