Гуфтугӯйи сулҳи давлати Покистон ва Толибон оғоз мешавад

  • 4 Феврал, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Нахустин даври музокироти намояндагони Толибон ва намояндагони давлат рӯзи сешанбе баргузор мешавад

Нахустин ҷаласаи музокираи намояндагони давлати Покистон ва гурӯҳи Толибони покистонӣ баргузор мешавад.

Рӯзи сешанбеи 4 феврал намояндагони гурӯҳи исломгарои Толибон ва давлати Покистон нахустин даври музокироти худ барои баррасии роҳҳои поён додан ба хушунат ва барқарории сулҳ байни ду тарафро оғоз мекунанд.

Дар остонаи баргузории гуфтугӯҳои муқаддамотӣ, Муҳаммад Иброҳим , яке аз аъзои ҳайъати музокиракунандаи Толибон, дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ гуфт, ки умедвор аст ин музокирот ба барқарории сулҳ дар Покистон мунҷар шавад.

Муҳаммад Иброҳим баргузории музокироти байни ду тарафро рӯйдоде муҳим барои Покистон тавсиф кард ва аз талафоти сангини даргирии байни давлати Покистон ва Толибон сухан гуфт.

Дар ҳамон ҳол, Раҳимуллоҳ Юсуф, рӯзноманигор ва узви кумитаи музокираи давлати Покистон, зимни истиқбол аз омодагии Толибон барои музокироти оштӣ гуфт, ки муваффақияти чунин музокироте мусталзами барқарории оташбас ва поён додан ба хушунат аст.

Вай бо душвор тавсиф кардани гуфтугӯҳо гуфт, ки интизор надорад дар ҷаласаи рӯзи сешанбе ду тараф ба мавзӯъоти аслӣ бипазиранд.

Манобеъи давлатии Покистон дастури кори ҷаласаи рӯзи сешанберо "гуфтугӯҳои ғайрирасмӣ" барои арзёбии мавозеъи ду тараф ва наҳваи идомаи музокирот тавсиф кардаанд.

Image copyrightAFP
Image caption Навоз Шариф талвеҳан тавассул ба нерӯи низомӣ дар сурати шикасти музокироти сулҳро матраҳ кардааст

Талош барои поён додан ба ҳудуди як даҳа хушунати исломгароёни ифротӣ дар Покистон аз тариқи музокира бо онон ба ибтикори Навоз Шариф, нахуствазир, оғоз мешавад, ҳарчанд вай талвеҳан истифода аз иқдоми низомӣ дар сурати шикасти музокиротро низ мардуд надонистааст.

Дар сурати оғози амалиёти низомӣ, артиши Покистон дар садад бархоҳад омад манотиқи қабиланишини шимоли ғарби Покистонро аз исломгароёни мусаллаҳ поксозӣ кунад.

Тайи солҳои ахир ин минтақа камобеш таҳти тасаллути гурӯҳҳои исломгаро, аз ҷумла Толибон ва муттаҳидони онон қарор доштааст.

Музокироти душвор

Тайи чанд ҳафтаи ахир масъалаи наҳваи поён додан ба иқдомоти хушунатомези шӯришиёни Толибон дар ҷаласоте бо ширкати мақомоти давлатӣ ва раҳбарони гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоъии Покистон мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифт ва аз ҷумла аъзои порлумони Покистон ҷаласотеро ба баррасии ин мавзӯъ ихтисос доданд.

Агарчи тайи моҳи гузаштаи мелодӣ Покистон шоҳиди ташдиди ҳамалоти исломгароёни шӯришӣ бахусус ба марокиз ва нафароти низомии Покистон буд, аммо зоҳиран давлат тасмим дошта иҷоза надиҳад ин ҳамалот монеъ аз баргузории музокироти сулҳ шавад.

Image copyrightAFP
Image caption Ҳадаф аз музокирот поён додан ба як даҳаи хушунати пурталафот дар Покистон аст

Ҳадафи давлат аз ин музокирот расидан ба навъе тафоҳум бо гурӯҳи Толибон ва поён додан ба иқдомоти хушунатомези онон аст, ки тайи ҳудуди як даҳаи гузашта ба кушта шудани наздик ба панҷоҳ ҳазор нафар мунҷар шудааст. Шуморе аз ин афрод дар ҳамлоти Толибон, аз ҷумла амалиёти интиҳории ин гурӯҳ ҷони худро аз даст додаанд.

Чанд рӯз пеш аз оғози музокирот, гузоришҳое мунташир шуд ҳокӣ аз ин ки Толибон барои мувофиқат бо музокироти сулҳ пешшартҳоеро таъйин кардааст, ки аз ҷумла шомили пӯшиши исломии иҷборӣ барои занон, барқарории додгоҳҳои шаръ ва ҷорӣ кардани аҳкоми исломӣ, озодии тамомии зиндониёни Толибон ва хуруҷи воҳидҳои артиши Покистон аз манотиқи қабиланишин аст.

Дар пайи интишори ин гузориш, коршиносони покистонӣ гуфтанд, ки ин шароит барои бисёре аз мардуми Покистон ғайриқобили қабул аст ва ба ин тартиб, умеде ба муваффақияти музокироти сулҳ намеравад, аммо баъдан намояндагони Толибон дар музокроти сулҳ вуҷуди чунин пешшартҳоеро такзиб карданд. Ба гуфтаи нозирон, ба назар мерасад, ки исломгароёни покистонӣ низ гирифтори чанддастагӣ ҳастанд.

Гурӯҳи мавсум ба "Таҳрики Толибони Покистон" ё Толибони покистонӣ ҳудуди шаш сол пеш ба шакли эътилофӣ аз теъдоде гурӯҳи исломгаро эъломи мавҷудият кард ва гуфт, ки ҳадаф аз ташкили ин гурӯҳ мубориза бо давлати Покистон ба манзури истиқрори ҳукумати шаръ дар ин кишвар, мубориза бо Омрико ва НОТУ ва кумак ба шӯришиёнӣ Толибон дар Афғонистон аст.

Толибони покистонӣ худро ҷудо аз Толибони Афғонистон муъаррифӣ мекунад, ҳарчанд аз амалиёти шӯришиёни афғон ҳимоят ба амал меоварад. Мақомоти афғон ва бархе аз мақомоти омрикоӣ муътақиданд, ки бидуни чунин ҳимояте шӯришиёни афғон имкони идомаи амалиёт алайҳи давлати ин кишварро надоранд.

Матолиби муртабит