Фармондеҳи аршади Толибони Покистон кушта шуд
Image copyrightunknownБар асоси гузоришҳои хабарӣ аз Покистон яке аз фармондеҳони аршади Толибони покистонӣ кушта шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи хабарӣ Исматуллоҳ Шоҳин, аз фармондеҳони аршади Толибон дар Покистон дар минтақаи қабилаии Вазиристони Шимолӣ кушта шудааст.
Ҳамин манобеъи хабарӣ мегӯянд, ки ин фармондеҳи Толибон дар як даргирӣ дар наздикии Мироншоҳ, шаҳри аслии Вазиристони Шимолӣ кушта шудааст.
Мушаххас нест, ки вай тавассути чӣ касе кушта шудааст.
Исматуллоҳ Шоҳини Битонӣ ба дунболи кушта шудани Ҳакимуллоҳи Меҳсуд, раҳбари пешини Толибон тавассути ҳавопаймои бидуни сарнишин барои муддати кӯтоҳе Шурои раҳбарии Толибонро ҳидоят мекард.
