Навоз Шариф: Куштани сарбозони Покистон тавассути ситезаҷӯён "сабуъона" аст

  • 17 Феврал, 2014
Навоз ШарифImage copyrightGetty
Image caption Навоз Шариф: Куштани сарбозони Покистон тавассути ситезаҷӯён "сабуъона" аст

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон бо маҳкум кардани кушта шудани 23 сарбози Покистон ба дасти гурӯҳе аз ситезаҷӯёни Толибон ин иқдомро ҷинояте "сабуъона" хондааст.

Ситезаҷӯёни мусаллаҳ дар манотиқи қабилаии Покистон рӯзи якшанбеи (16 феврал) дар баёнияе эълом карданд, ки ин сарбозонро, ки аз соли 2010 то кунун дар асорати онҳо будаанд, куштаанд.

Нахуствазири Покистон дар идомаи вокуниши худ ба ин куштор гуфтааст, ки ин ҳодиса бар талошҳо барои музокироти ҷорӣ байни давлат ва ситезаҷӯёни Толибон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Дар ҳамин чорчӯб дидоре, ки қарор буд имрӯз, душанбе (17 феврал) байни намояндагони давлат ва намояндагони Толибон баргузор шавад, ба таъвиқ афтодааст.

Ҳамзамон Шоҳидуллоҳ Шоҳид, сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон дар баёнияе гуфтааст, ки куштани сарбозони Покистон "ба назар мерасад дар иртибот бо кушта шудани 23 нафар аз афроди мо бошад, ки аз 28 январ то кунун кушта шудаанд."

Вай гуфтааст, ки онҳо бо гурӯҳе, ки ин иқдомро дар минтақаи қабилаии Муҳманд анҷом дода тамос хоҳанд гирифт, то ҷузъиёти далоили ин иқдомро мушаххас кунанд.

Дар вокунише ба ин изҳорот як мақоми низомии Покистон гуфт, ки ҳеҷ узве аз Таҳрики Толибони Покистон, ки дар боздошт буда, кушта нашудааст.

Ӯ гуфт, ки "Онҳо (Толибон) ин таблиғоти козибро бо ҳадафи тавҷеҳи фаъъолияти худ унвон кардаанд."

Матолиби муртабит