Музокироти Толибон ва давлати Покистон "шуруъ шудааст"
Image copyrightAFPБар асоси гузориши расонаҳои Покистон дидори намояндагони давлат ва Толибони покистонӣ барои анҷоми гуфтугӯҳои сулҳ оғоз шуда, аммо макони дақиқи ин дидор эълом нашудааст.
Ҳамин гузоришҳо ҳокист, ки ду тараф дар назар доранд дар дидори аввалияи худ бар сари як "нақшаи роҳ" барои пешбурди музокирот ба тавофуқ бирасанд.
Қарор буд намояндагони давлати Покистон ва Толибон чанд рӯз пеш бо якдигар дидор ва гуфтугӯ кунанд, аммо он дидор ба таъвиқ уфтод.
Дар вокуниш ба ин рӯйдод Толибони Покистон вокуниши хашмгинона нисбат ба "ғайбати намояндагони давлати Покистон" нишон дод ва як узви ҳайати Толибони Покистон бо ҳушдор нисбат ба ин иқдоми давлати Покистон, гуфт ки "ҳар иттифоқе метавонад биафтад."
Бар асоси бархе аз гузоришҳо далели адами анҷоми қаблии дидор ин буд, ки намояндагони давлати Покистон аз намояндагони Толибон хостанд то қабл аз шуруъи музокирот "баъзе масойилро рӯшан кунанд."
Исрори Толибони Покистон бар иҷрои қавонини шариъати исломӣ ва озодии зиндониёни сиёсӣ бар музокироти сулҳ соя андохтааст.
Музокироти душвор
Тайи чанд ҳафтаи ахир масъалаи поён додан ба иқдомоти хушунатомези шӯришиёни Толибон дар ҷаласоте бо ширкати мақомоти давлатӣ ва раҳбарони гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоъии Покистон мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифт ва аз ҷумла аъзои порлумони Покистон ҷаласотеро ба баррасии ин мавзуъ ихтисос доданд.
Агарчи тайи моҳи гузаштаи милодӣ Покистон шоҳиди ташдиди ҳамалоти исломгароёни шӯришӣ ба хусус ба марокиз ва нафароти низомии Покистон буд, аммо зоҳиран давлат тасмим дошта иҷоза надиҳад ин ҳамалот монеъ аз баргузории музокироти сулҳ шавад.
Ҳадафи давлат аз ин музокирот расидан ба навъе тафоҳум бо гурӯҳи Толибон ва поён додан ба иқдомоти хушунатомези онон, аст ки тайи ҳудуди як даҳаи гузашта ба кушта шудани наздик ба панҷоҳ ҳазор нафар мунҷар шудааст. Шуморе аз ин афрод дар ҳамалоти Толибон аз ҷумла амалиёти интиҳории ин гурӯҳ ҷони худро аз даст додаанд.
Чанд рӯз пеш аз оғози музокирот гузоришҳое мунташир шуд ҳокӣ аз ин ки Толибон барои мувофиқат бо музокироти сулҳ пешшартҳоро таъин кардааст, ки аз ҷумла шомили пӯшиши исломии иҷборӣ барои занон, барқарории додгоҳҳои шаръӣ ва ҷорӣ кардани аҳкоми исломӣ, озодии тамомии зиндониёни Толибон ва хуруҷи воҳидҳои артиши Покистон аз манотиқи қабиланишин аст.
Дар пайи интишори ин гузориш коршиносони покистонӣ гуфтанд, ки ин шароит барои бисёре аз мардуми Покистон ғайриқобили қабул аст ва ба ин тартиб умеде ба муваффақияти музокироти сулҳ намеравад, аммо баъдан намояндагони Толибон дар музокироти сулҳ вуҷуди чунин пешшартҳоро такзиб карданд. Ба гуфтаи нозирон ба назар мерасад, ки исломгароёни покистонӣ низ гирифтори чанддастагӣ ҳастанд.
Гурӯҳи мавсум ба "Таҳрики Толибони Покистон" ё Толибони покистонӣ ҳудуди шаш сол пеш ба шакли эътилофе аз теъдоде гурӯҳҳои исломгаро эъломи мавҷудият кард ва гуфт, ки ҳадаф аз ташкили ин гурӯҳ мубориза бо давлати Покистон ба манзури истиқрори ҳукумати шаръ дар ин кишвар, мубориза бо Омрико ва НОТУ ва кумак ба шӯришиёни Толибон дар Афғонистон аст.
Толибони покистонӣ худро ҷудо аз Толибони Афғонистон муъаррифӣ мекунад, ҳар чанд аз амалиёти шӯришиёни афғон ҳимоят ба амал меоварад. Мақомоти афғон ва бархе мақомоти омрикоӣ муътақиданд, ки бидуни чунин ҳимояте шӯришиёни афғон имкони идомаи амалиёт алайҳи давлати ин кишварро надоранд.
