Марги 11 пулиси покистонӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Карочӣ
Image copyrightAPҲадиақал 11 маъмури пулиси Покистон дар инфиҷоре дар шаҳри Карочӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Бар асоси гузоришҳои расида як утубуси ҳомили маъмурони пулис ҳадафи як бумбгузории интиҳорӣ қарор гирифт.
Беш аз 40 нафар, ки аксари онҳо маъмурони пулис ҳастанд, низ дар ин ҳодиса дар Карочӣ, бузургтарин шаҳри Покистон маҷруҳ шуданд.
Беш аз 50 маъмури пулис савори утубуси мунфаҷиршуда будаанд.
Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки утубус ҳангоми тарки як маркази омӯзишии пулис дар шарқи Карочӣ мавриди ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт.
Шоҳзеб Ҷилонӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Карочӣ мегӯяд, ки садҳо маъмури пулиси он шаҳр дар мубориза бо ифротиюни мазҳабӣ ва ҳамчунин гурӯҳҳои табаҳкор ҷони худро аз даст додаанд.
Пизишкон дар бемористони ҷиноҳи шаҳри Карочӣ гуфтаанд, ки ҳоли даҳ нафар аз захмиҳо бисёр вахим аст.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, аммо ҳамла ҳамзамон бо гуфтугӯҳои сулҳи давлати Покистон бо мақомоти Толибон анҷом гирифтааст.
