'Толибон ду нафарро дар ҷануби Афғонистон сар буриданд'
Мақомоти маҳаллии Урузгон дар ҷануби Афғонистон мегӯянд Толибон ду нафарро дар ин вилоят сар буридаанд.
Абдуллоҳ, вулусволи Гизоб, дар вилояти Урузгон ба Би-би-сӣ гуфт ҷасади ин ду нафар дирӯз дар минтақаи "Качкул"-и вулусволии Гизоб пайдо шуд.
Ӯ мегӯяд, ки яке аз қурбониён аз маъмурони пулиси сарҳадии вилояти Қандаҳор ва дигаре бародари яке аз сарбозони пулиси миллӣ буд.
Ба гуфтаи вай, се шаб пеш ин афрод дар минтақаи "Булағ" -и ин вулусволӣ аз сӯйи Толибон рабуда шуда буданд ва то ёфт шудани аҷсод иттилоъе аз онон дар даст набуд.
Вулусволи Гизоб афзудааст, ки бузургони минтақа барои раҳоии ин ду нафар талошҳое сурат доданд, аммо ин талошҳо натиҷае надошт.
Толибон то кунун масъулияти ин рӯйдодро ба уҳда нагирифтаанд.
Урузгон аз вилоятҳои ноором дар ҷануби Афғонистон ва гурӯҳи Толибон дар ин вилоят нуфуз дорад. Шӯришиёни Толибон ҳар аз гоҳе нафароти нерӯҳои амниятиро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.
