Беш аз 5 ҳазор корманди кумиссиюни интихоботи Афғонистон барканор шуданд

  • 25 Май, 2014
Юсуфи НуристонӣImage copyright
Image caption Юсуфи Нуристонӣ аз номзадҳо хост, ки "иффати калом"-ро риоят кунанд

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон номҳои 5388 корманди худро дар феҳристи сиёҳ қарор дода ва гуфта, ки онҳо дигар наметавонанд дар ин кумиссиюн кор кунанд.

Юсуфи Нуристонӣ, раиси ин кумиссиюн дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки иттиҳомҳо мабнӣ бар даст доштани ин афрод дар тахаллуфоти интихоботӣ матраҳ шуда ва мумкин аст шуморе аз онҳо ба ниҳодҳои қазоӣ ҳам муъаррифӣ шаванд.

Ҳарчанд оқои Нуристонӣ тавзеҳи бештаре дар бораи ин афрод надод, аммо пеш аз ин мақомҳои кумиссиюни интихобот гуфта буданд бештари кормандоне, ки муттаҳам ҳастанд, кормандони муваққат ҳастанд.

Пас аз баргузории интихоботи шонздаҳуми ҳамал/фарвардин (5 апрел) садҳо шикоят дар Кумиссиюни мустақили расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ сабт шуд, ки бахши зиёде аз онҳо алайҳи кормандони кумиссиюни интихобот буд.

Раиси кумиссиюни интихобот ҳамчунин аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзадҳои сеюмин интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон хост, ки дар таблиғоти интихоботии худ "иффати калом"-ро риоят кунанд ва ба масойили мазҳабӣ, қавмӣ, забонӣ ва ҷинсиятӣ доман назананд.

Ахиран ҳамалоти лафзии номзадҳо ва ҳаводорони онҳо алайҳи якдигар афзоиш ёфтааст.

Онҳо аз тарҳи иттиҳоми тақаллуб гирифта то ҳамла ба шахсият ва барномаҳои интихоботии якдигарро дар пайкори интихоботии худ ҷой додаанд.

Пештар кумиссиюни интихобот роҳнамоеро дар ихтиёри номзадҳо қарор додааст, ки шомили шеваи муборизоти интихоботӣ ва назорат бар интихобот аз суи нозирони номзадҳо буд.

Image caption Ахиран номзадҳои даври дувуми интихобот ҳамалоти лафзӣ алайҳи якдигарро шиддат бахшидаанд

Мавзуъи назорати интихоботӣ ҳам аз мавзуъоте аст, ки дар даври дувуми интихобот бар аҳамияти он ба сурати вижа таъкид мешавад.

Юсуфи Нуристонӣ гуфт, ки ин бор ба ҳудуди 60 ҳазор нозири номзадҳо муҷаввизи назорат дар марокизи раъйгирӣ дода мешавад.

Ӯ аз ин нозирон хост то дар маҳаллоти раъйгирӣ ҳозир шаванд.

Ӯ афзуд, ки дар даври аввали интихобот ба беш аз сесад ҳазор нафар ба намояндагӣ аз номзадҳо, ниҳодҳои нозири дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳамчунин расонаҳо муҷаввизи назорат дода шуда буд, вале шумори зиёде аз онҳо амалан дар марокизи раъйгирӣ ҳузур наёфтанд.

Нигаронии ФИФО

Дар ҳамин ҳол Бунёди интихоботи озод ва одилонаи Афғонистон мавсум ба ФИФО , бо интишори гузорише гуфта, ки ёфтаҳои ин бунёд баёнгари он аст ки кумиссиюни интихобот "садҳо" маҳали раъйгирии ҷадид боз мекунад, ки 42 дарсади онҳо дар марокизе эҷод мешавад, ки ФИФО дар даври аввали интихобот дар он марокиз тақаллуб ва тахаллуф сабт карда буд.

Кумиссиюни мустақили интихобот эълом карда, ки дар даври дувуми интихобот 23313 маҳали раъйгирӣ дар саросари кишвар боз хоҳад буд.

Image copyrightBBCPersian.com
Image caption Интиқодоти зиёде аз кормандони кумиссиюни интихобот матраҳ шудааст

Фаҳим Наъимӣ, сухангӯи ФИФО ба хабарнигорон гуфт, ки нозирони ин созмон дар интихоботи шонздаҳуми ҳамал мушкили камбуди баргаи раъйро дар 779 маҳал сабт карда буданд, ки дар 592 мавриди он баргаҳо пеш аз зуҳр ва ба сурати "ғайримаъмул" тамом шуд.

Ба гуфтаи вай дар рӯзи интихобот дар 298 маврид ба нозирони ФИФО иҷозаи вуруд ба маҳаллоти раъйгирӣ дар соъоти аввалия дода нашуда ва пур шудани ғайриқонунии сандуқҳо дар 518 маҳал гузориш дода шудааст.

Ӯ мегӯяд, ки ёфтаҳои ФИФО нишон дода, ки дар 77 маҳалле, ки камбуди баргаи раъй дар онҷо гузориш шуда, иҷоза надодан ба нозирон ва пур шудани сандуқҳои раъй ба шакли ғайриқонунӣ бо ҳам рабт доштааст.

Сухангӯи ФИФО афзуд, ки онҳо дарёфтаанд, ки кумиссиюни интихобот қасд дорад дар 42 дарсади манотиқе, ки ин мушкилот вуҷуд дошта, маҳаллоти ҷадиде эҷод кунад.

ФИФО аз кумиссиюни мустақили интихобот хоста, ки бо диққат ва баррасии бештаре манотиқи эҷоди маҳаллоти ҷадидро интихоб кунад ва бикӯшад маҳаллоти ҷадид дар ҷоҳое эҷод шавад, ки ҷамъияти бештаре доранд ва дар даври қаблӣ раъйдиҳандагон аз додани раъй маҳрум монданд.

ФИФО дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон даҳ ҳазор нозир дошт, ки 75 дарсади марокизи раъйгириро пӯшиш доданд.

Матолиби муртабит